Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари вазири умури хориҷии Ҳиндустон ба Қирғизистон


Субрахманиям Ҷайшанкар, вазири умури хориҷии Ҳиндустон аз 10 то 13-уми октябр ба Қирғизистон, Қазоқистон ва Арманистон сафарҳоеро анҷом медиҳад.

Ба иттилои расонаҳои Ҳиндустон, вазири умури хориҷии ин кишвар 10 октябр вориди Бишкек шуда, қарор аст, дар ҷараёни сафараш бо вазири умури хориҷии Қирғизистон Руслан Қазоқбоев мулоқот кунад.

Ӯ рӯзи 11-уми октябр нахуст ба Қазоқистон ва сипас ба Арманистон сафар мекунад. Дар ҷараёни сафар баррасии масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳои дуҷониба ва имзои як қатор созишномаҳо дар назар аст.

Вазорати умури хориҷии Қирғизистон 5-уми октябр хабар дода буд, ки дар ҳамоиши "Роҳандозии тиҷорат дар Қирғизистон", ки дар Мумбай баргузор гашт, содироти тилои ин кишвар ба Ҳиндустон матраҳ шудааст.

XS
SM
MD
LG