Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҳамсари ғайрирасмии президент". "Зебосанам" кист?


Асел Қурманбоева

Номи Асел Қурманбоева, ҳамсари ғайрирасмии президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ва ду тан аз ёрони ӯ дар маркази таҳқиқоти "Pandora Papers" (Авроқи Пандора) қарор гирифтаанд. Маркази пажуҳиши фасод ва ҷиноятҳои созмонёфта (OCCRP) мегӯяд, Қурманбоева бо як созиши офшорӣ 30 миллион даромад ба даст овардааст.

Асел Қурманбоеваи 40-сола мудири ҳунарии театри давлатии "Остона Балет" аст. Ин театр робитаи президенти пешини Қазоқистонро бо Қурманбоева тасдиқ мекунад. Он соли 2012 бо ташаббуси худи Нурсултон Назарбоев таъсис дода шуд.

Қурманбоева бунёдгузори нахустин ширкате буд, ки "Остона Балет"-ро таъсис додааст. Дертар театр ба ихтиёри бунёди Назарбоев гузашта, давлатӣ гардонида шуд. Ҳоло онро Асел Қурманбоева раҳбарӣ мекунад.

Таҳқиқоти OCCRP ошкор кард, ки "ҳамсари севум"-и Нурсултон Назарбоев -- Асел Қурманбоева як ширкати офшориро дар ҷазираҳои Вирҷиния бар ивази 30 миллион доллар ба хонаводаи олигархи наздик ба президенти собиқи Қазоқистон Владимир Нӣ фурӯхтааст.

Бар асоси "Авроқи Пандора", Асел Қурманбоева ин пулро соли 2010, баъди ду моҳи фавти Нӣ тавассути ширкате гирифтааст, ки ба духтари олигарх ба мерос монда буд. Олигархи дигари наздик ба Назарбоев Владимир Ким шоҳиди ин муомилот шудааст.

Владимир Нӣ ва Владимир Ким кӣ ҳастанд?
Владимир Нӣ, ки номаш дар "Pandora Papers" оварда шудааст, соли 1985, ҳанӯз пеш аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) ёвари Назарбоев буд. Ӯ баъди мустақил шудани Қазоқистон муовини сардори раёсати умури президент таъйин гашт. Вай ба ҳайати шӯрои мудирони “Қазоқмис” шомил буд, ки созмонҳои ғайридавлатии ҷонибдори Назарбоевро сармоягузорӣ мекард. Нӣ соли 2010 даргузашт. Тибқи иттилои маҷаллаи “Forbes”, Владимир Ким сарватмандтарин шаҳрванди Қазоқистон аст. Ин маҷаллаи амрикоӣ дороии ӯро 4,7 миллиард доллар арзёбӣ кардааст. Вай молики ширкати бонуфузи “Қазоқмис” аст.

Ончи дар бораи Қурманбоева маълум аст

Асел Қурманбоева соли 1999, замони иштирокаш дар озмуни "Зебосанами Қазоқистон" дар суҳбат бо расонаҳо гуфта буд, ки дар Алмато ба дунё омада, дар Толдиқурғон бузург шудааст ва мактаби рақсро хатм кардааст. Ӯро ҳамчун донишҷӯйи Донишгоҳи забонҳои хориҷии шаҳри Алмато муаррифӣ мекарданд.

Қурманбоева баъди пирӯзӣ дар озмуни зебоии миллӣ дар озмуни "Зебосанами ҷаҳон" дар шаҳри Лондон иштирок кард. Насаби вай он замон Исобоева буд.

Асел Қурманбоева дар аввал насаби Исобоеваро дошт
Асел Қурманбоева дар аввал насаби Исобоеваро дошт

Ба иттилои бахши қазоқии Радиои Озодӣ, падари "ҳамсари севум"-и Нурсултон Назарбоев Тлектес Исобойулӣ Есполов ном дорад. Эҳтимол меравад, ӯ насаби модараш – Гулбону Қурманбоеваро гирифта бошад. Сабаби иваз шудани маълумот дар шиносномаи Қурманбоеваи хурдӣ номаълум аст. Асел Қурманбоева баъди озмуни "Зебосанами ҷаҳон" дигар ҳеч гуна ҷоизаеро соҳиб нашудааст ва номи ӯ дар расонаҳо ҳам камтар гирифта шуд.

Ӯ соли 2018, баъди 20 сол, дар миёни шунавандагони "паём"-и Назарбоев дида шуд, ки бо мансабдорони давлатӣ дар як толор менишаст.

Асел Қурманбоева ҳангоми шунидани "паём"
Асел Қурманбоева ҳангоми шунидани "паём"

Маълум нест, ки Назарбоев ва Қурманбоева расман ақди никоҳ бастаанд ё не. Аммо насаби ду писари Асел Қурманбоева дар ҳуҷҷатҳо "Нурсултон" ва "Нурсултонулӣ" навишта шудааст.

Тлектес Есболов, падари Асел Қурманбоева, ки давоми 20 сол Донишгоҳи аграрии Алматоро раҳбарӣ кардааст, дар суҳбат бо хабарнигори бахши қазоқии Радиои Озодӣ гуфт, таҳқиқоте, ки номи духтараш дар он омадааст, "овозае беш нест". "Ҳамаи мо фарзанд калон мекунем. Мо шарафи миллатро ҳимоят мекунем. Ман падар, омӯзгор ва донишманд ҳастам. Ин хел намешавад", - изҳор дошт ӯ ба хабарнигори радио.

Дар "Pandora Papers" дар бораи робитаҳои тиҷории дигари Қурманбоева низ гуфта шудааст.

"Аҷиб ин аст, ки Бунёди Назарбоев дар доираи як лоиҳаи комилан дигар низ бо Қурманбоева ҳамкорӣ доштааст. Бунёд (Фонд) соли 2013 ба муҳлати ду моҳ молики ширкати "Астау" шуд, ки аз сӯи Қурманбоева дар соли 2006 таъсис ёфта буд. Дертар Қурманбоева дубора соҳиби ин ширкат гашт. Ширкати мазкур дар маркази пойтахти Қазоқистон кошонаи ҳусн, ҳаммом ва як толори зиёфат дорад", - гуфта шудааст дар таҳқиқот.

Нурсултон Назарбоев, президенти пешини Қазоқистон, бо ҳамсари қонунияш Сара Назарбоева
Нурсултон Назарбоев, президенти пешини Қазоқистон, бо ҳамсари қонунияш Сара Назарбоева

Ширкати "Астау"-ро, ки ба Қурманбоева тааллуқ дорад, модараш Гулбону Қурманбоева раҳбарӣ мекунад. Қурманбоеваи хурдӣ ҳамчунин муассиси Бунёди рушди балет ва рақси миллӣ аст. Ӯ имсол Бунёди дастгирӣ ва рушди гимнастикаи бадеиро низ таъсис дод.

Ҳоло дар беҳтарин қисмати шаҳри Алмато театри бузурге бунёд карда мешавад. Фармоишгари асосии театр бунёди "Демеу" аст, ки муассиси он худи Назарбоев мебошад.

Дар Бунёди рушди балет ва рақси миллӣ ба бахши қазоқии Радиои Озодӣ гуфтанд, ки бо театри Алмато "ҳеч робита"-е надоранд, вале дар сурати боз шуданаш омодаанд, ки бо он ҳамкорӣ кунанд.

Тибқи шарҳи ҳоли расмӣ, ҳамсари Нурсултон Назарбоев, ки ҳудуди 30 сол Қазоқистонро раҳбарӣ карда, бо вуҷуди аз мансаб истеъфо додан дар соли 2018 ҳанӯз ҳам қудратро дар даст дорад, Сара Назарбоева мебошад.

Рӯзноманигорони таҳқиқотгар ба суолҳои худ дар бораи ҷузъиёти созиши 30-миллиондолларӣ натавонистанд, аз Назарбоев, Ким, хонаводаи Нӣ ва Қурманбоева посух бигиранд. Вокуниши мақомоти Қазоқистон ба ин таҳқиқот низ ҳанӯз нашр нашудааст.

Шарҳҳоро бинед (3)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG