Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рафтан барои мондан. Роҳи хоси президентҳои худкома барои тарки мақом


Cооронбой Ҷеенбеков ва Нурсултон Назарбоев
Cооронбой Ҷеенбеков ва Нурсултон Назарбоев

Дар Осиёи Марказӣ хабари ба Туркия рафтани раисҷуҳури собиқи Қирғизистон Сооронбой Ҷейенбеков бо ҳамсараш, ки расонаҳо 2-уми феврал нашр карданд, вокунишҳои зиёде ба бор овард.

Сухангӯи раисҷумҳури пешин Тулғуной Стамалиева шитобкорона гуфт, ки сафари Ҷейенбеков барои тадоруки ӯ ҷиҳати Ҳаҷҷи умра аст ва баъди 10 рӯз ӯ ба Қирғизистон бармегардад. Бо вуҷуди ин хабар сару садои зиёде барангехт, зеро якҷо бо таҳдидҳои ба ҷавобагарӣ кашиданӣ ӯ барои ҳаводиси соли 2020 иттифоқ уфтод. Ҳаводисе, ки ӯро маҷбур кард, мақоми президентро тарк кунад.

Мувофиқи қонунгузории Қирғизистон мақоми президенти собиқ ба соҳиби худ ҳақ медиҳад, ки ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида нашавад, вале ҳамчунин ба ӯ иҷоза намедиҳад, ки мансаби сиёсиву давлатиеро ҳам соҳибӣ кунад. Маҳдудияте, ки ҳатто худкомаҳои дар ҳоли рафтани кишварҳои ҳамсоя талош накарданд, барои худ ҷорӣ кунанд. Тақрибан, ҳамаи сарварони кишварҳои минтақа, ки даҳсолаҳо дар кишвари худ ҳукумат доранд, талош доранд, механизмҳоеро эҷод кунанд, ки имкон бидиҳад, кишварро баъди рафтан аз қудрат низ идора кунанд. Дар ин амр, ҳатто Русия – ҳомии минтақа низ истисно нест.

Таҷрибаи нави куҳна

Талошҳои ислоҳи Қонуни Асосӣ, ташкили ниҳодҳои иловагӣ ва имтиёзҳо барои раисҷумҳурҳои собиқ ба як расми сиёсӣ табдил шудааст. Дар панҷ соли ахир чунин таҷрибаҳои сиёсӣ дар Қазоқистон, Тоҷикистон ва Туркманистону Русия гузаронида шуд.

Соли 2017, бар асоси тағйирот дар Қонуни Асосии Қазоқистон, ваколатҳои президентро ба таври қобили мулоҳиза кам карданд ва ба порлумону ҳукумат доданд. Бархе аз онҳо дар умури назорати равандҳои иҷтимоиву сиёсӣ ба ҳукумат ва вазорату ҳокимиятҳо (раисони вилояту шаҳру ноҳияҳо) дода шуд. Ва нақши порлумон, аз ҷумла дар ташкили ҳукумат бештар шуд.

Мақоми машваратии то он замони Шӯрои амният дар июли соли 2018 ба мақоми конститутсионӣ табдил дода шуд. Салоҳиятҳои он зиёд карда шуд. Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури собиқи Қазоқистон ҳақ пайдо кард, ки тамоми умр раиси Шӯрои амният бошад. Ҳамон замон бисёре аз коршиносон ин талошҳои Назарбоевро стратегияи ӯ барои ҳифзи қудрат баъди рафтан аз мақоми раёсатҷумҳурӣ номида буданд. Аз моҳи марти соли 2019, баъди даст кашидан аз мақоми президентӣ, Нурсултон Назарбоев раиси Шӯрои амният ва ҳизби ҳокими Нур-Отан боқӣ монд.

Дар Тоҷикистон қонун “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои Миллат” дар соли 2016 пазируфта шуд, дақиқан баъди 6 сол, чунин тарҳи қонунро порлумони Қазоқистон пазируфт. Ин мақом меъёри конститутсионӣ ҳам шуд ва ба ҷуз имтиёзоти фаровон, ба Эмомали Раҳмони масунияти якумрӣ ва ҳаққи номаҳдуде барои номзади мақоми президентӣ шудан дод. Сару садо ҳоло ҳам зиёд, аст, ки Эмомалӣ Раҳмон мумкин аст, писараш Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанберо вориси худ мекунад.

Сиёсатшиноси мустақил Парвиз Муллоҷонов мегӯяд, дар фазои Шӯравӣ ин гуна тарҳро президенти собиқи Русия Борис Елтсин таҳия кард, вале он ба таъмини амнияти худаш ва хонаводааш марбут буд. “Дар кишварҳои дигар шароит дигар аст, вале тақрибан дар ҳама ҷо насли куҳнаи нухбагон қасд доранд, бираванд ва қудратро ба насли нав бисупоранд. Вале ҳоло, тақрибан дар иқтисод ҳамаи кишварҳо вазъи дигаре ҳукмрон аст, аз ин рӯ пешгӯӣ хеле мушкил аст” – мегӯяд ӯ.

Ниҳодҳое бо мақоми конститутсионӣ

Моҳи июли соли 2020 дар Русия Қонуни Асосии ислоҳшуда ҳукми иҷро гирифт, ки бар асоси он давраҳои пешини раёсати ҷумҳурии Владимир Путинро ба эътибор гирифта намешавад ва ӯ ҳоло имкон дорад, то соли 2036 барои мақоми президентӣ рақобат кунад.

Тағйирот ба ҷуз ин, нақши Шӯрои давлатиро ба таври қобили мулоҳиза васеъ кард ва ба он мақоми конститутсионӣ дод. Президент ҳақ пайдо кард, ин ниҳодро ташкил бидиҳад, ки ҳамоҳангиву ҳамкории ниҳодҳои давлатиро таъмин мекунаду самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷиро муайян мекунад. Ҳамчунин самтҳои муҳими рушди иҷтимоиву иқтисодии давлатро низ мушаххас мекунад.

Коршиносони мустақил ва мунтақидони Кремлин ин ниҳодро “фурудгоҳи рӯзи мабодо барои Путин” меномиданд ва барои рӯзе, ки ӯ аз мақоми президентӣ биравад. Худи Путин ин тасмимро барои муассир шудани кори Шӯрои давлатӣ унвон кард.

Дар Туркманистон аз сентябри соли 2020, бар асоси ислоҳоти дигари Қонуни асосӣ, порлумони думаҷлиса (дупалатаӣ) ташкил карда шуд. Шӯрои куҳансолоне, ки дар кишвар фаъол буд ба маҷлиси болоии порлумон табдил дода шуд ва маҷлис, яъне порлумон нақши палатаи поёнӣ ниҳоди қонунгузорро гирифт.

Худи президент мақоми сенатори якумраро дар маҷлиси болоӣ соҳиб шуд. Ин ибтикори президент дар пасманзари сарусадоҳо дар мавриди беморӣ ва аз саҳна ғайбзаданҳои ӯ татбиқ шуд, ки боиси ба миён омадани пешгӯиҳо дар бораи ин шуд, ки Бердимуҳаммадов ҳадаф дорад раиси Маҷлиси болоӣ шавад ва мансаби президентиро ба писари калонияш Сардор бидиҳад.

Зимнан, Бердимуҳаммадов яке аз он сиёсатмадоронест, ки баъди расидан ба қудрат тадриҷан ба халос шудан аз мерос ва кеши шахсияти ҳамтои пешини худ Сафармурод Ниёзов, аз ҷумла ба василаи ислоҳи Қонуни асосӣ оғоз кард. Ин таҷриба нишон дод, ки ҳатто агар мақом ба василаи Қонуни Асосӣ ҳам мехкӯбӣ шуда бошад, наметавонад умри тӯлонӣ дошта бошад.

«Нухбагони ҳукмрон дар ин кишварҳо дарк мекунанд, ки механизмҳои интиқоли қудрат метавонанд, ҳар замоне бозбинӣ шаванд. Дар ин давлатҳо, амалан қоидаҳо ва муомилаҳои ғайрирасмӣ беҳтар кор мекунанд. Барои ҳамин, ҳеч гоҳ дар ин ҷойҳо ниҳоди меросбарии қудрат тавассути як интихоботи шаффофу рақобатӣ шакл нагирифтааст” мегӯяд сиёсатшиноси қазоқ Талғат Мамарайимов.

Ӯ таъкид мекунад, раҳбарони худкома бо эҷоди механизмҳои қонунӣ барои ҳузури ғайрирасмӣ дар қудрат, талош мекунанд, машруъияти худро дар арсаи байналмилалӣ ҳифз кунанд ва дар баробари таҷовузҳои эҳтимолии мухолифони сиёсияшон худро қонунӣ муҳофизат кунанд.

Маслиҳати сиёсӣ

Марги раисҷумҳури нахустини Узбекистон Ислом Каримов ва аз даст додани нуфузи собиқи хонаводааш, зиндонӣ шудани президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев аз доғтарин қазияҳоест, ки ба гуфти коршиносон метавонад, намунае барои яккасолорҳои минтақа бошад ва онҳоро барои эҷоди як “сипари амниятӣ” барои худ таҳрик бидиҳад.

“Ҳамагуна маҳдудияти қудрат ба ин мерасонад, ки хонаводаи ҳукмрон нуфуз ва пулҳои худро ба нафъи гуруҳҳои наве, ки ба ҷойи онҳо меоянд, аз даст медиҳанд. Бархе ҷону озодии худро аз даст медиҳанд. Аз ин рӯ, сирф мулоҳизаҳои инсонии таъмин кардани амният пеш меояд”- мегӯяд мудири шуъбаи Осиёи Марказӣ дар Пажуҳишгоҳи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ Андрей Грозин.

Ҳамсуҳбати мо ин тасмимҳоро ба ангезаҳои худхоҳона ва беҳуда алоқаманд намедонад. Ба гуфтаи вай, “раҳбарони давлатҳо, ба ин тартиб, аз як сӯй мехоҳанд, вориди таърих шаванд, аз сӯйи дигар, дар мисоли Назарбоев, талош доранд, низоме бисозанд, ки интиқоли қудрат дар он бо “зарарҳои” камтар сурат бигирад”.

XS
SM
MD
LG