Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Microsoft: Русия масъули аксар ҳамлаҳои рахнагарӣ ба нармафзорҳои ин ширкат аст


Ширкати Microsoft мегӯяд, Русия масъули аксар ҳамлаҳои рахнагарӣ ба нармафзорҳои ин ширкати азими компютерӣ дар як соли охир мебошад. Ҳадафи ин ҳамлаҳо хароб кардани кори сохторҳои давлативу федеролии ИМА ва ҳам созмонҳои таҳқиқоти сиёсӣ будааст. Ширкати Microsoft рӯзи 7-уми октябр гузорише нашр кард, ки дар он аз ҳамлаҳои афзоянда гуфта мешавад ва ИМА мавриди аксари ин ҳадафҳо қарор доштаст.

“Гузориш оид ба ҳимояти рақамии ширкати Microsoft”-ро коршиносони саноативу ҳукуматӣ аз наздик пайгирӣ мекунанд, чун нармафзорҳои он дар саросари ҷаҳон фаровон истифода мешавад.

Ин гузориш дар ҳоле нашр мешавад, ки ИМА аз афзоиши мудохилаҳои интернетиву рахнагарӣ дар солҳои охир изҳори нигаронӣ кардааст. Маъмурияти президенти ИМА Ҷо Байден барои таҳқиқи вусъати ин ҳамлаҳо ба сохторҳои федеролии кишвар таҳқиқе ба роҳ мондааст. Кохи Сафед аз ширкатҳои амрикоӣ тақозо кардааст, ки барои ҳимояташон аз ҳамлаҳои интернетӣ нармафзорҳои худро нав кунанд.

XS
SM
MD
LG