Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муродбек Насриддинов: "Ҳунарманд бояд сабку садои худро дошта бошад". ВИДЕО


Муродбек Насриддинов, Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон.

Муродбек Насриддинов, Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон рӯзи 6-уми октябр ба синни 70 расид. Радиои Озодӣ дар ин робита бо ин сана бо ӯ суҳбате дошт ва нахуст пурсид, ки аз умри рафта ризо аст?

Муродбек Насриддинов: Розӣ ҳастам. Фақат орзу мекардам, вақте ҳунармандони мардумӣ мисли устод Зафар Нозим, Ҷурабек Муродов, Барно Исҳоқова, Боймуҳаммад Ниёзов, Одина Ҳошим, Абдулло Назриев ҳунарнамоӣ мекарданд, ман ҳеҷ бовар надоштам, ки омада давоми умри 70-сола бо онҳо кор мекунам, ҳамсуҳбат мешавам ва аз инҳо сабақ меомӯзам. Бароям ин чизҳо орзу буд, лекин ҳамин орзуям ҷомаи амал пӯшид. Дар ҳамин 70 соли умр агар ягон дастоварде ба даст оварда бошем, розӣ ҳастам, ки ба ман ҳамин қадар насиб будааст. Ин қадар оҳангу ғазалҳое, ки ба халқ пешниҳод кардем, хушбахтам, ки ҳаминҳоро гӯш мекунанд ва маро ёд мекунанд.

Радиои Озодӣ: Давоми фаъолиятатон ба чӣ нақшаҳоятон расидед ва кадоме боқӣ мондааст?

Муродбек Насриддинов: Ҳозир ман дар нафақа. Нақшаи ҳунарманд ин аст, ки боз ғазалу оҳангҳои нав эҷод кунад, то халқ гӯш кунад.

Радиои Озодӣ: Имрӯзҳо ба чӣ кор машғулед?

Муродбек Насриддинов: Солҳои 90-ум бо акои Зафар ба Масчоҳи кӯҳна сафар кардем. Устодро дар ҳамон деҳае, ки ман таваллуд шудам, меҳмондорӣ кардем. Баъд онҳо аз ман пурсиданд, ки хонаат дар куҷо аст? Гуфтам ки хона надорам. Гуфтанд, ки агар хона надошта бошӣ, ту ҳеч кас будаӣ, ҳамин хел гуфта шухӣ карданд. Пагоҳаш баромадем, раиси хоҷагӣ як ҷой ҷудо карданд ва ба акои Зафар гуфтанд, ки марҳамат дар ҳамин ҷой Муродбек хона месозанду оянда омада дар ин ҷой дам мегиред. Кор ҳамон ҷо сар шуд. Акои Зафар дар пойдевораш ширкат карданд ва санги аввалро монданд. Баъд ҷангҳои шаҳрвандӣ сар шуд ва кор монд. Ҳозир мехоҳам ки инро ба итмом расонам. 30 сол мешавад, ки хонаро ба итмом нарасонидем. Ҳар сол меравем 2-3 моҳ ҳам истироҳат мекунем ва ҳам он ҷойро обод карда меоем.

Радиои Озодӣ: Зиндагии Шумо аз рӯйи чӣ пеш меравад? Нафақа мерасад?

Муродбек Насриддинов: Бале, нафақаи хуб мегирам. Мерасад. Худоро шукр як фарзандам даҳ сол шуд дар Амрико кор мекунад, дигараш дар ҳамин ҷой кор мекунад. Дар Чин хонда омад ва забони чиниро хуб медонад. Тоҷир аст. Пулам мерасад, боз фарзандонам ёрдам мекунанд. Шикоят надорам.

Муродбек Насриддинов: "Ҳунарманд бояд сабку садои худро дошта бошад".
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:15:18 0:00

Радиои Озодӣ: Оё ягон фарзандатон пешаи Шуморо интихоб кардааст?

Муродбек Насриддинов: Не, интихоб накарданд. Як нафар, ҳамоне ки дар Амрикост, мехост ки ҳофиз шавад. Ҳамон вақт тақлид кард ба як ҳофиз, ки номашро намегирам. Гуфтам писарам агар тақлид кунӣ, ҳофиз намешавӣ, бояд садои худат бошад, мактаби худат бошад. Агар хоҳӣ ки ҳунарманд шавӣ, бояд бо садои худат хонӣ, он одаме ки тақлид мекунӣ, мактаби худаш аст ва ту ҳиҷ вақт мисли вай шуда наметавонӣ. Гуфтам ки роҳи роҳи худатро дошта бошӣ. Ҳунарманд ҳам бояд як доди Худодод бошад. Ман имрӯз ҳунармандонеро мебинам, ки дар компютер садои фалшашонро дуруст карда, фитта мебароранд ба худашонро ҳофиз мекунанд, ман намехостам, ки фарзандам чунин бошад. Имрӯза ҳунармандон ягон суруди бомаънӣ ҳам надоранд. Ғазалҳои Камол, Мавлавӣ, Аттор тамоман дар репертуари ягон ҳунарманди имрӯза нест. Дар ҳоле ки даъво мекунем, ки аҷдодӣ Саъдиву Рӯдакӣ ҳастем.

Радиои Озодӣ: Чаро дар консертҳои давлатӣ баромадҳои Шуморо камтар мебинем?

Муродбек Насриддинов: Акнун сину соли ман ба 70 расид. Имрӯз чеҳраҳои нав, бояд дар саҳна бошанд. Шояд барои ин бошад, вагарна дар репертуари мо барои ҳама ҷашнҳо, суруду оҳангҳо ҳастанд. Ҳам барои ҷашни 30 солагӣ, ҳам барои ҷашни Ваҳдат. Зеро мо санъаткорҳо бояд, ки сиёсати давлатро тараннум кунем. Ин аз пеш ҳам чунин буд. Дар давраи шӯравӣ дар бораи партия, пахта, деҳқон мехонданд. Дар бораи Ленин мехонданд. Дар репертуари ман ҳамаи ҳамин чизҳо ҳаст. Агар даркор шавад, пешниҳод мекунам. Лекин имрӯз сину соламон ба фикрам ҷавобгӯ набошад.

Радиои Озодӣ: Зодрӯзро чӣ гуна ҷашн мегиред? Шояд ба ягон консерти вижае омодагӣ мегиред?

Муродбек Насриддинов: Ман умед доштам, ки вазорати фарҳанг ба ин кор дахолат мекунад. Яъне маро даъват мекунад ва шояд дастгирӣ кунаду ақалан мегӯяд, ки дар фалон толор мехоҳад, ки консерт диҳам. Ҳамин чи ишора нашуд. Ман ҳам нағз намебинам рафта илтимос карда, барои он ки ман инҷо хизмат мекунам, оҳанг эҷод мекунам ва консертро ҳам ман медиҳам, аз ин хотир, онҳо бояд илтимос мекарданд. Ман инро мехостам. Мухлисон ҳам интизор буданд. Ман аз як чи норизо ҳастам, ки вазорати фарҳанг гӯё ки моро фаромӯш кардааст. Хайр лозим набошад, даркор не.

Радиои Озодӣ: Шумо унвони Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистонро доред, имрӯзҳо барои унвон гирифтан талошҳое ҳам мешавад. Оё шумо ҳам барои гирифтани унвон талош кардаед?

Муродбек Насриддинов: Ҳеҷ вақт барои гирифтани унвон талош накардам. Як вақт дар ансамбли “Ганҷина” кор мекардем, директори Филармония ҳуҷҷатҳои маро пур кардааст, танҳо ба ман гуфта буд, ки тарҷумаи ҳолатро бароям навис. Он вақт ҳунарманди шоистаро доданд. Баъди даҳ сол боз даъват карда гуфтанд, ки ба шумо ҳунарманди мардумӣ медиҳем. Гуфтам ки ин қадар мардум даводав доранд, кӣ маро барои унвон пешниҳод кардааст? Гуфтанд, ки ҳуҷҷат омода кунед. Баъди ду моҳ унвони ҳунарманди мардумӣ доданд. Ҳа, ҳозир ҳама медаванд, оне ки хизмат кардааст, он ҳам талош дорад ва оне ки хизмат накардааст, он ҳам барои унвон медавад. Ба онҳое ки хизмат кардаанд, унвон додан даркор, зеро руҳаш болида мешавад, медонад, ки хизматашро қадр мекунад.

Радиои Озодӣ: Давоми солҳои фаъолият чӣ қадар оҳангу суруд эҷод кардед?

Муродбек Насриддинов: Ба наздикӣ китоби сурудҳоям бо 170 оҳанг чоп мешавад. Ғазалҳо. 50-тои онро пештар навишта будем. Онро бо 70 тои дигар илова карда чоп мекунем.

Радиои Озодӣ: Феълан теъдоди овозхонҳо хеле зиёд шудаанд, Шумо ба ҳунари онҳо чӣ баҳо медиҳед?

Муродбек Насриддинов: Дар замони мо ҳам сарояндаҳо зиёд буданд, лекин аз ҳамон вақт ҳунарманди асил мемонад, аммо хасакӣ гум мешавад. Ҳамон шоирҳо ҳам даврҳои пеш бисёр буданд. Аммо дар таърих ангуштшумор монданд.Барои ҳамин сарояндаҳо зиёд, имрӯз мебароянд ва пагоҳ нестанд.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG