Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомоти тоҷик хабари интиқоли барқ ба Қирғизистонро рад карданд


Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон хабари ҷониби Қирғизистон дар бораи фурӯши барқ ба он кишварро рад кардаст. Ин ниҳод дар изҳороташ, ки рӯзи 4-уми октябр пахш шуд, мегӯяд пешниҳоди содироти барқ аз ҷониби мақомоти қирғиз сурат гирифтааст, на аз Тоҷикистон. Пештар ҷониби Қирғизистон гуфта буд, Тоҷикистон ба ин кишвар барқи худро пешниҳод кардааст.

Аммо Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон мегӯяд, як ҳафта пеш ширкати "Барқи Тоҷик" аз Қирғизистон нома дарёфт кард, ки дар он пешниҳод гардид, имкони интиқоли нерӯи барқ ба Қирғизистонро аз моҳи ҷорӣ матраҳ кунад. Ба навиштаи вазорат, як ҳайати Қирғизистон барои баррасии шароити интиқоли барқ ба Қирғизистон дар Душанбе қарор дорад. "Ҳоло ин пешниҳод дар баррасӣ аст,"-гуфтааст манбаъ.

Чанд рӯзи пеш вазири энергетикаи Қирғизистон, дар як нишасти хабарӣ гуфт, бо пешниҳоди мақомоти тоҷик интиқоли барқ аз Тоҷикистон 30-юми сентябри имсол оғоз гардида, ҳаҷми он дар як шабонарӯз 1,2 миллион киловатт -соатро ташкил медиҳад.

"Ҳамкорони тоҷики мо муроҷиат карда, нерӯи барқи худро пешниҳод карданд. Интиқоли барқ ба минтақаҳои ҷанубӣ оғоз шуд. Дар як шабонарӯз як миллион киловат соат нерӯи барқ мегирем. Дар як моҳ аз 30 то 50 миллион киловат соат нерӯи барқ гирифтан мумкин аст", -- шарҳ додааст ӯ дар нишасти хабарӣ.

Тоҷикистон дар гузашта ба Қирғизистон барқ фурӯхтааст, вале соли гузашта барқро асосан ба Афғонистону Узбекистон додааст.

Интиқоли барқи Тоҷикистон ба Қирғизистон дар ҳолест, ки ду кишвар ним сол боз муносибати сард доранд. Душанбеву Бишкек якдигарро ба сар задани муноқишае дар марз гунаҳкор медонанд, ки аз ду тараф даҳҳо куштаву захмӣ ба ҷой гузошт.

XS
SM
MD
LG