Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Абдуқодири Рустам: Агар дар Душанбе "дар боз аст", набояд дар Панҷакент "яла" бошад ва дар Файзобод - "кушода"


Абдуқодири Рустам
Абдуқодири Рустам
Дар Тоҷикистон то соли 2009 рӯзи 22-юми июл Рӯзи забони тоҷикиро таҷлил мекарданд, чун дар ин рӯз дар аҳди Шӯравии собиқ нахустин Қонун дар бораи забон қабул шуд. Соли 2009 бо пешниҳоди гурӯҳе аз мақомот, Рӯзи забонро ба 5-уми октябр, рӯзи таваллуди раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, "кӯчонданд". Мақомот ин санаро "муҳиму таърихӣ" медонанд, гуруҳи дигар "амали чоплусона" мешуморанд. Бо ин вуҷуд, ҳар сол 5-уми октябр дар Тоҷикистон Рӯзи забони тоҷикӣ таҷлил ва аз мушкилу камбудҳояш гуфта мешавад.

Дар ин рӯз хабарнигори тоҷик, Шервони Умриддин, бо донишманди тоҷик, Абдуқодири Рустам, дар бораи мушкили забону имло ва хат суҳбат карда, ба Радиои Озодӣ фиристод, ки дар гӯшаи "Блогистон" нашр мекунем.

Суол: Оё мо забони меъёр дорем? Ин забон бояд чӣ гуна ба вуҷуд оварда шавад?

Абдуқодири Рустам: "Пеш аз он ки ба суоли Шумо посух биҷӯем, бояд таъриф бикунем, ки забони меъёр худ чист? Инак забони меъёри қавм ё халқ забонест, ки дар тӯли замон мутобиқ бо қоидаву қонунҳои дохилии ин забон ва захираи луғавӣ, ки ниёзҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва мадании ин мардумро бароварда месозад, шакл мегирад ва барои ҳамаи гӯишварони он фаҳмост. Гунаи олӣ ва ниҳоии забони меъёр забони адабист.

Мо тоҷикон бояд ифтихор бикунем, ки куҳантарин забони зинда, қадимитарин забони адабии катбиро дорем; ин забон дар асри 9-и мелодӣ шакл гирифта ва то кунун идома дорад ва барои ҳамаи гӯишваронаш қобили фаҳм аст. Аммо, бо таассуфу дареғ ба ду нукта бояд ишора бикунам. Аввалан, бо он ки забони адабӣ гунаҳои мухталиф дорад: забони адабии катбӣ ё навишторӣ, забони адабии илмӣ ва забони адабии гуфторӣ, дар Тоҷикистони мо танҳо забони адабии катбии бадеӣ ва забони адабии расонаҳои чопӣ корбурди нисбатан густарда доранд. Дигар гунаҳои забони адабӣ ё дар сатҳи поини рушд ҳастанд ва ё ҳанӯз аслан шакл нагрифтаанд. Чунончи, забони илм, бахусус дар риштаи улуми дақиқ дар ҳоли ҷанинӣ қарор дорад. Ва бештар ба ҳамин далел аст, ки китобҳои дарсии улуми дақиқ ба забони тоҷикӣ барои донишомӯзони тоҷик чандон мафҳум нестанд ва натиҷатан, волидайни тоҷик, бахусус дар шаҳрҳо талош мекунанд, фарзандонашонро ба мактабҳои русӣ бидиҳанд. Сониян, забони адабии гуфтугӯӣ, ки бештар аз ҳама анвои забони адабӣ заминае барои забони меъёри миллӣ мебошад, низ дар шакли рушд гирифтан аст.

Ман на танҳо ҷонибдори бозгашт ба алифбои форсӣ ҳастам, балки бар ин назарам, ки забони мо бидуни бозгашт ба алифбои форсӣ, ки дар ҳазору дувист сол қолаби муносибе барои ин забон будааст, ояндаи дурахшон, балки ояндаи рӯшан ҳам нахоҳад дошт.

Забони санадҳои расмӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ низ вазъи ошуфтае дорад ва дар бештари маворид чарбабардорӣ аз забони русист. Яъне, бо ин ҳамаи ганҷинаи бузург, метавон гуфт, мо ҳанӯз забони меъёри умумиллӣ надорем. Чун забони меъёр мегӯем, манзур ин аст, ки як сокини Самарқанду Бухоро, ё Кӯлоб, Рашту Ҳисору Хуҷанд чун дар маҳалли худ бо ҳамдиёрони худ ҳарф мезанад, ихтиёр дорад, ки бо гӯиши минтақаи худ суҳбат бикунад, вале чун ба минтақаи дигар меравад, ё дар минбар ва дар пардаи телевизион зоҳир мешавад, бояд аз забони меъёри умумимиллӣ истифода бикунад. Ва ё дар асноди расмӣ, муросилот, лавҳаю овезаи биноҳо бояд дар саросари маҳдудаи кишвар аз ҳамон як вожаю истилоҳ кор гирифта бишавад.

Мо дар Тоҷикистон барои ифодаи як мафҳум чандин вожа дорем. Иҷозат бидиҳед, барои намуна аз мафҳуме истифода бикунам, ки агарчи чандон хушоянд, нест, ҳаётан зарурист. Барои ифодаи он дар забони мо чандин вожа мавриди истифода аст, чунончи ҳоҷатхона, бадрафт, халоҷо, обхона, мабраз ва ғ., ки худ далели босарват будани хазинаи вожагони забони мост. Аммо, агар мехоҳем дар вурудии ҳоҷатхонаҳои умумӣ, номе бинависем, бояд аз яке аз ин калимаҳо истифода бикунем, ин тур набошад, ки фарзан, дар Хоруғ нависем «мабраз», дар Кӯлоб «ҳоҷатхона», дар Хуҷанд «халоҷо»... Агар дар Душанбе «дар боз аст», набояд дар Панҷакент «дар яла» бошад ва дар Файзобод «кушода». Боз ҳам таъкид мекунам, ки манзурам забони меъёр (дар ин маврид забони меъёри расмӣ) аст, на забони адабиёти бадеӣ, ки дар ин гунаи забон баръакс ҳинҷоршиканӣ ва дур рафтан аз қолабҳо, парҳез аз вожагони забонзад имтиёз ва ҳунар аст ва як нависанда метавонад дар таълифоти хеш аз чандто ва ё ҳамаи ин вожаҳо истифода бикунад. Азбаски, забони адабии гуфтугӯйии мо рушд накардааст, суханрониҳои мо аз тариқи радио ва телевизион, тарҷумаҳои филмҳои бадеӣ, муколамаҳо дар намоишҳои театрӣ бисёр вақт ба гӯш маснӯӣ мерасанд. Лаҳни гуфтор низ ба ду иллати корбурди алифбои сирилик, ки зарбаи муҳлике ба забони мо ворид кард ва таъсири харобиовари забони русӣ бисёр вақт хашин ва дур аз нафосату назокат аст."

Суол: Чанд сол аст, ки дар кишвар Кумитаи забон ва истилоҳот кор мекунад. Оё Кумита наметавонад, барои ҳаллу фасли ин масоил мусоидат кунад? Ба назари Шумо, то куҷо фаъолияти он назаррас ва таъсирбахш аст?

Абдуқодири Рустам: Воқеан таъсис ва ташкили кори ин кумита кори савоб буд. Дар кишвари мо мушкилот ва масоили забон ва марбут ба забон он қадар фаровон аст, ки барои ҳаллу фасли онҳо нерӯи азими инсонӣ, илмӣ ва молӣ ва солҳои тӯлонии саъйу талошҳо мебояд ва Кумитаи забон ва истилоҳот ба унвони ниҳоди назоратбар ва таҳаққуқ бахшидан ба сиёсатҳои давлат дар ин росто корҳои муассир метавонад анҷом бидиҳад. Аммо мутаассифона, фаъолияти ин кумита - бо он ки хеле корҳоро сомон дода (аз ҷумла, ду бор таҳияи қоидаҳои имло, феҳристи номҳои тоҷикон, баррасии забони расонаҳо ва ғ.) чандон муассир ва созанда нест. Ин кумита ҳам буҷаи зиёд надорад ва ҳам нерӯи инсонии илмияш қавӣ нест. Аз ҷониби дигар, эҳтимолан салоҳияташ ҳам маҳдуд бошад. Ба ин далоил аст, ки фаъолияти муассир ва барои рушди забон муҳим, аз ҷумла, дар ростои эҷоди забони меъёри миллӣ сомон додан наметавонад.

Дар тамоми солҳои фаъолияти хеш ин кумита танҳо ду бор буд, ки ба овезаю навиштаҳои ғалати хиёбонҳои шаҳри Душанбе эътироз кард. Аммо, ҳамаамон ҳамарӯза мебинем, ки дар пойтахти кишвари мо чи номҳое ва навиштаҳое лавҳаю овезаҳо ва тоқу сардарию даромадгоҳи биноҳоро «оро» медиҳанд. Бештарини ин лавҳаю овезаҳою эълонҳо нишонаи завқи пасти моликони онҳост, вале дареғ, ки на ҳукумати шаҳр ва на кумитаи забону истилоҳот дар амри ислоҳи онҳо то кунун коре накардаанд: «Маркази ош», «Олами гӯшт», номи гӯиё шоиронаи «Кошонаи ҳусн», «Шустушӯи нақлиёт», «пӯшока», «хӯрока» аз ҷумлаи ҳамин номҳои безавқона ва дур аз назокати забони модарии мо ҳастанд. Дар забони тоҷикӣ чун исми ҷинс барои маънои хос номгузорӣ мешавад, ҳамеша ба сурати танҳо ва ба маънои исми ҷомеъ меояд, баръакси забони русӣ, ки дар чунин мавридҳо исм ба сурати ҷамъ оварда мешавад ва мутобиқ бо дастури забони русӣ аст. Чунончи, дар русӣ фурӯшгоҳҳоро тканы, книги, сыры ном мегузоранд ва тоҷикони мо ҳам ба тақлид аз русӣ ин фурӯшгоҳҳоро мағозаи китобҳо, газворҳо, панирҳо навиштаанд, ки ғалат аст, гунаи дурусти ин номҳо дар забони модарии мо фурӯшгоҳи китоб (ё китобфурӯшӣ), газвор, панир ва ғайра аст.

Солҳост, ки дар шаҳри Душанбе ва дигар шаҳрҳои Тоҷикистон овезаи зишт ва бемаънии «Мо кушода шудем»-ро мехонем. Дар ин бора корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ борҳо навиштанд ва ба хато будани он таъкид карда, гунаҳои дурусти онро пешниҳод карданд. Аммо гӯше ку, ки бишнавад?! Кумитаи забон ҳатто барои ислоҳи ин ғалати дурушт коре накард. Он чунонки полезро хишова мекунанд, то палаку биёра ҳосили хуб бидиҳад, ҳамин тавр хиёбону гузарҳои шаҳрҳоро аз навиштаҳои ғалату безавқона поккорӣ бояд кард, то мардум кундзавқ нашаванд, завқи зебоишиносиашон садама набинад ва забони мо аз олоишҳо полуда шаваду арвоҳи гузаштагонамон шод. Ин амр, ба назари ман, бояст яке аз муҳимтарин корҳои Кумитаи забон ва истилоҳот бошад. Бояд ин кумита салоҳияти ҳушдор додан ва ҷарима бастани моликонеро дошта бошад, ки номи коргоҳу корхонаву муассисаашонро ғалат менависанд.

«Волоият» ҳам аз ҷумлаи вожаҳоест, ки қаламбадастони тоҷик дар солҳои охир эҷод кардаанд. Таркибу ибораҳои музахрафи «ариза дар истеҳсолот қарор дорад», «бо истифода аз дасту пой латукӯб кард» ҳамарӯза сафаҳоти расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоиро «ороиш» медиҳанд.

Зимнан лозим ба таъкид медонам, ки исми расмии ин кумита - Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки «назди» дар ин ҷо низ тарҷумаи ҳарф ба ҳарфи «при»-и русӣ аст ва дур аз назокату нафосати забони модарии мо. Мақомдорони кумита бояд фаъолиятро аз ислоҳи ҳамин ном шуруъ мекарданд ва дархост мекарданд, то ин ном ба гунаи Кумитаи забон ва истилоҳоти Ҳукумати Тоҷикистон ва ё ҳадди ақалл Кумитаи забон ва истилоҳоти вобастаи Ҳукумати Тоҷикистон навишта ва гуфта шавад ва дар ин сурат ҳаққи маънавии бештар барои интиқоди дигаронро пайдо мекарданд."

Суол: Сабаб чист, ки маҷбур шавем, дар тӯли чанд соли охир ду бор имло созем. Ва оё охирин қоидаҳои имло, ки имсол қабул шуд, то куҷо бо табиати забони мо мувофиқат мекунад?

Абдуқодири Рустам: "Худи ҳамин амр, ки имлои забони тоҷикӣ мукарраран ислоҳ ва аз нав таҳия мешавад, гувоҳи содиқ бар он аст, ки хатти кириллӣ ва ё алифбои сирилик бистари муносибе барои забони мо нест. Вежагиҳои онро ифода кардан наметавонад, боиси ҳарҷу марҷи зиёд дар забони мо, чунончи вуруди беқоида ва бебандубори вожаҳои, ба истилоҳ, русӣ - интернатсионалӣ ба забони мо, бидуни вежагиҳои овоии забони мо ва мутобиқ бо талаффузи русӣ дохил шудани калимаҳои ин забон ба забони мо ва аз ҳинҷор берун кардани талаффузи гӯишварони забони мо, шикофи зиёд дар миёни форсии варозрӯдӣ бо форсии кобулӣ ва форсии эронӣ гардидааст.

Ин амр дастаке шуд ба тарафдорони сиёсатмаоб ва демагоги се забон будани забони авлоди Рӯдакию Фирдавсӣ ва Мавлоною Саъдӣ. Охирин имлои забони тоҷикӣ, то он ҷойе, ки ман бо муҳтавои он ошно ҳастам, бархе мушкилотро ҳал кард ва беҳтар аз имлои қаблӣ аст, вале ҳанӯз ҳам масоиле вуҷуд дорад, ки ба рушд ва фаъолияти забони мо дар бистари миллии худаш халал эҷод мекунад. Чунончи, ман мухолиф бо истифодаи ҳарфҳои ба истилоҳ ётбарсар дар алифбои кириллии тоҷикӣ ҳастам. Ин амр гоҳе боиси ошуфтагиҳо дар матни шеър мешавад ва дар амри талаффуз ҳам бетаъсир нест. Баръакси алифбои форсӣ, дар ин алифбо тавофуте дар байни садонокҳои дарозу кӯтоҳ нест, ду «и» ва ду «у» яксон навишта мешавад, пайванди ҷонишинҳо бо решаи феълҳо чи бо садонок хатм шуда бошанд ва чи бо ҳамсадо яксон аст, ки таъсири манфӣ дар талаффузи тоҷикӣ дорад, ҳатто наттоқони расонаҳои тасвирӣ ва садоӣ, ки бояст ин маъниро хуб бидонанд, дар чунин мавридҳо хато мекунанд ва баёни тоҷикиашон басо дурушт аст."

Суол: Медонем, аз ҷумлаи ҷонибдорони бозгашт ба алифбои форсӣ ҳастед, ки дар чанд соли охир баҳсаш дар ҷомеи мо, бахусус дар шабакаҳои иҷтимоӣ хеле доғ шуда...

Абдуқодири Рустам: "Бешак. Ман на танҳо ҷонибдори бозгашт ба алифбои форсӣ ҳастам, балки бар ин назарам, ки забони мо бидуни бозгашт ба алифбои форсӣ, ки дар ҳазору дувист сол қолаби муносибе барои ин забон будааст, ояндаи дурахшон, балки ояндаи рӯшан ҳам нахоҳад дошт. Бозгашт ба алифбои миллии форсӣ аз чанд лиҳоз барои миллати мо ва забони миллати мо муҳим аст:

  • Аз лиҳози сиёсӣ, ки дар ин арса муҳимтарини он тақвияти пайванд ва иртибот бо тоҷикони Афғонистон аст. Воқеоти охири Афғонистон зарурати ин иртиботу пайвандро барои ҳастии миллати мо дар ду канори Панҷу Ому ва лузуми гузариши забони мо ба алифбои форсиро бори дигар ва рӯшантар аз пеш таъкиду таъйид кард;
  • Аз лиҳози иртиқои ҳувияти тоҷикӣ, ки ба ҷуз нуктаи аввал (пайванд бо тоҷикони Афғонистон ва форсизабонони Эрон ва хориҷ аз кишварҳои форсизабон (Афғонистон, Эрон, Узбакистон) ҳамчунин бо изофаи бозгашт ба номи асли забони мо - забони форсӣ - тасбити ҳаққи тоҷикон ба мероси бузурги адабӣ ва илмӣ ба хатти форсӣ ва забони форсиро низ таъмин мекунад;
  • Барои рушди дониш: ҳамарӯза ба забон ва ба хатти форсӣ китобҳои зиёде дар риштаҳои мухталифи илм чоп ва паҳн мешаванд, ки донишомӯзон, донишҷӯён ва донишмандони тоҷик метавонанд бо сарфи хеле камтари вақт (ки барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ сарф мекунанд) аз онҳо баҳравар шаванд. Ва забони мо ба забони илми рӯз бадал мегардад;
  • Барои рушд ва тавсиаи забони модарии мо. Забони мо ба бистари аслии худ, ба масири торихии худ бозмегардад: а) имкон меёбад мисли баҳру уқёнус, ки ҳама аҷсоди мурда ва ошқолҳоро ба соҳил меафканаду тоҳир мешавад, худро поккорӣ кунад, аз унсурҳои бегона ва берун аз қоида, ки дар забони мо зиёд аст, озод шавад; б) хатти форсӣ танҳо хатти сурат нест, хатти маънӣ ҳам ҳаст, ба ин маънӣ, ки раванди хондани он бо раванди дарки маънӣ якест, то маъниро нафаҳмед, онро дуруст хонда наметавонад, ба ин далел хондани матн бо ин хат ҳамеша ҳузури зеҳнро мехоҳад, ки ба фаро гирифтани дониш бештар мусоидат мекунад, бар хилофи хатҳои сирилик ва лотинӣ, ки метавонед матн онҳоро осон бихонед (ба ҳар забон ки бошад), вале маъниро аслан дарк накунед. Яъне, он чи ки мухолифони бозгашт ба алифбои форсӣ онро қубҳ медонанд, аслан аз ҳуснҳои он аст; в) хатти форсӣ дар тӯли асрҳои зиёд ба сабаби он ки дар он садонокҳои кӯтоҳ сурати ҳарфӣ надоранд, барои ҳифзи ягонагии забони модарии мо хидмат кардааст. Бисёр вожаҳое ҳастанд, ки дар манотиқи гуногуни интишори забони форсӣ ба гунаҳои мухталиф талаффуз мешаванд, аммо шакли калима дар ҳама ҷо яксон аст ва яксон навишта мешавад."

Суол: Назари Шумо ба забони расонаҳои тоҷикӣ чӣ аст? Оё тафовуте дар миёни забони расонаҳо дар замони Шӯравӣ ва дар даврони пас аз истиқлол мебинед?

Абдуқодири Рустам: "Бале тафовутҳо маҳсус ҳастанд. Ҳам тафовути мусбат ҳаст ва ҳам манфӣ. Тафовути мусбат ин аст, ки забони мо аз фишори идеулужии замони шӯравӣ, ки бар асоси он истифодаи вожаҳои дохили русӣ-интернатсионалӣ амре зарурӣ шумурда мешуд, истифодаи ин вожаҳо дар гуфтор ва навиштор ба асоси дастури забони русӣ сурат мегирифт (ҳатто бо ин ҳадаф ҳарфҳои бо табиати забони мо бегонаи щ, ц, ь, ы - ро ба алифбои сирилики тоҷикӣ ворид карда буданд) ва забони русӣ аз «сарчашмаҳои файзбори рушди забони тоҷикӣ» маҳсуб мегардид, озод шуд. Албатта, қобили зикр аст, ки ин раванд дар солҳои бозсозӣ шуруъ шуда буд, вале баъд аз истиқлол бештар рушд кард ва ҳадафманд шуд. Баръакс вожа ва таркибҳои зиёде аз форсии Эрон иқтибос шуд, ки боиси ғанитар шудани забони мо ва густардатар шудани имконоти забон барои баёни мафҳумҳои нав гардид.

Аммо тафовути манфӣ ин аст, ки бар хилофи насли замони шӯравӣ бештари рӯзноманигорони даврони пас аз истиқлол, мутаассифона, саводи кофӣ надоранд. Рӯзноманигорони мо ҳам аз сатҳи пасти маърифат дар ҷомеа эман намондаанд. Аз ҷумла, забони модариро хуб намедонанд. Намунаи рӯшани ин гуфта, хабарҳо ва гузоришҳоест, ки ҳамарӯза дар сайти хабаргузории давлатии «Ховар» чоп мешаванд ва пур аз хатову ғалат аст. Истифодаи калимаҳо бар ҷойи вожаҳои дигар, ба маънои дигар истеъмол кардани калимаҳо, тарҷумаҳои ҳарф ба ҳарф аз ҷумлаи ин иштибоҳҳои фаровон ҳастанд. Чунончи, расонаҳои тоҷикӣ хеле фаровон аз вожаи «саҳҳомон» (ҷамъи дубора ва ғалати вожаи «саҳм») ба ҷойи «саҳмдорон» истифода мекунанд, дар ҳама маврид бадали калимаи дохили русии «авария» - «садама» меоваранд, ки ғалат аст, «мошин» ё «худрав»-ро «нақлиёт» менависанду мегӯянд, «зумра»-ро барои ашёи беҷон истеъмол мекунанд.

«Волоият» ҳам аз ҷумлаи вожаҳоест, ки қаламбадастони тоҷик дар солҳои охир эҷод кардаанд. Таркибу ибораҳои музахрафи «ариза дар истеҳсолот қарор дорад», «бо истифода аз дасту пой латукӯб кард» ҳамарӯза сафаҳоти расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоиро «ороиш» медиҳанд. Дурдонаҳое амсоли «ба марғхона ташриф овард», «шутурмурғро зиёрат кард» низ маҳсули хомаи рӯзноманигорони тоҷик аст. Ва гоҳе гунаи ғалати калимаеро, ба ин далел, ки дар Эрон чунин мегӯянд, бар гунаи дурусти он, ки дар Тоҷикистон роиҷ аст, бартарӣ медиҳанд. Аз ҷумла, ҳамин исми Эронро, ки гунаи асл ва қадимии ин ном аст, ба далели он ки шерозиёну теҳрониёни имрӯз Ирон мегӯянд, Ирон мегӯянду менависанд. «Ирон» дар забони як форсигӯйи эронӣ дуруст аст, чун махраҷи торихии «э» дар Эрони кунунӣ аз байн рафта, ба «и» бадал шудааст, вале дар гӯйиш ва навиштори як тоҷик ғалат аст, чун, хушбахтона ин садо ҳанӯз дар забони мо зинда аст. Гумон мекунам, хуб буд, агар ҳар расонаи тоҷикӣ як воҳиди корӣ веростори забонро низ истихдом бикунад, то ки ҳамаи навиштаҳоро қабл аз пахшу чоп шудан бихонаду веросторӣ бикунад. Ба ин васила метавон ғалатҳоро дар расонаҳо, ки яке аз маъхазҳои хароб ва вайрон шудани забони мардум шудааст, ҳадди ақал коҳиш дод."

Суол: Солҳои охир истифода аз шева дар матбуот ва шабакаҳои иҷтимоӣ зиёд шудааст. Арзёбии Шумо чист?

Абдуқодири Рустам: "Гӯишҳои минтақаҳои мухталифи ҷуғрофиёи густариши як забон асос ва заминаи забони меъёр ва адабӣ аст ва азбаски забони зиндаи мардум аст, ҳамеша ба ҳайси сарчашмаи забони адабӣ ва забони меъёр боқӣ мемонад. Калимаҳои гӯишӣ мафҳуми лағжандаест ва гоҳе таҳти ин истилоҳ гурӯҳҳои гуногуни вожаҳоро дар назар доранд. Гоҳе он чи ки мо калимаи шевагӣ ва ё гӯишӣ ном мебарем, баъдан мебинем, ки чанд қарн пеш дар мутуни адабию илмӣ истифода шуда будааст. Ва низ ман худ чандин калимаро медонам, ки гумон мекардам, - ва гӯйишшиносонамон таъкиду таъйид низ карда буданд, - марбути минтақаи мушаххаси Тоҷикистон аст, вале чун китоби нависандаи эронӣ ва ё афғонистониро хондам, дидам, ки ин адибон низ он вожаҳоро истифода кардаанд. Яъне, дар муайян кардани калимаи гӯйишӣ бояд эҳтиёткор бошем.

Вале баргардем ба асли баҳс. Забони расонаҳои умумӣ бо забони адабии бадеӣ тафовути назаррас дорад. Доираи луғавии забони расонаҳо маҳдудтар бояд бошад ва хабарнигор муваззаф аст, калима ва таркиботеро ба кор бигирад, ки барои мухотабонаш, ки дар байнашон мардуми одӣ низ зиёд ҳастанд, қобили фаҳму дарк бошад. Калимаҳои гӯишӣ - он калимаҳое, ки чун ганҷи дастнахӯрда то кунун дар минтақае дар забони мардум боқӣ мондаанд, сазовори онанд, ки ба воситаи нависандагон (шоирон камтар, чун табиати шеъри форсӣ нозук аст ва на ҳар вожаро метавонад ҳазм бикунад) дар адабиёти бадеӣ истифода бишаванд. Дар ин раванд бархе аз онҳо метавонанд ба вожаи умумимиллӣ бадал шаванд ва дар он сурат ҷоиз аст дар расонаҳо низ мавриди истифода қарор бигиранд. Ва аммо бо шеваи маҳал навиштан дар шаабкаҳои иҷтимоӣ, ки корбаронашон аз минтақаҳои гуногуни ҷуғрофиёи забони мо ҳастанд, бармегардад ба ҳамон масъалае, ки дар оғози суҳбаи гуфтем: мо, мутаассифона, то кунун забони меъёри умумимиллии гуфтугӯӣ надорем.

Нуктаи дигар, ки бояд хотиррасон кунам ва бар зиёни рӯзноманигории тоҷикӣ аст, ин аст, ки нигоҳи бештари хабарнигорони мо ба зиндагӣ нигоҳи шоирона аст, онҳо талош мекунанд, шоирона бинависанд ва навиштаи хешро бо вожаҳои китобӣ ва гоҳе архаистӣ зиннат бидиҳанд. Ин кор ҷоиз нест, барои баёни рӯшани матлаб ва дарки матлаб монеа эҷод мекунад."

Ҳамсуҳбат Шервони Умриддин

Аз Идора: Матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.

XS
SM
MD
LG