Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ле", "ме", "ӯ" ва "ӣ". Имлои забони тоҷикӣ пурра ислоҳ шуд ё боз тағйир меёбад? ВИДЕО


Ҳам "ӯ" ва ҳам "у" зарур аст. Назари коршиносон дар бораи тағйири имлои забони тоҷикӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:19 0:00

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед

Раҳбарони Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон тағйири дигарбораи имлои забони тоҷикиро амри зарурие номиданд, ки ба гуфтаи онҳо, ҳадафаш бартараф кардани хатоҳои гузашта будааст. Вале ҷузъиёти бештар наоварданд.

Имлоро дар 50 сол як бор ҳам иваз кардан кори дурусте нест. Бубинед, имлои забони Фаронса чандсад сол як хел ҳаст. Ё ин ки имлои забони инглисиро касе ислоҳ намекунад. Имлои забони русиро низ касе иваз намекунад.
Умед Ҷайҳонӣ

Олимҷон Муҳаммадҷонзода, раиси ин ниҳод, рӯзи 29-уми июл зимни як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, дар имлои забони тоҷикӣ хатоҳову духурагиҳое ҷой дошт, ки бояд ислоҳ мешуданд.

"Қаблан пешниҳод карда будем, ки дар калимаҳои арабӣ садоноки "ӯ" (у-и зада) истифода нашавад, лекин бо айби техникӣ ё масъулин дар фарҳанги имлои забони тоҷикӣ дар баъзе калимаҳо боз пайдо шуд. Масалан, калимаи "шӯъба" ва ба монанди ин. Дар ислоҳоти нав асолати таърихиямонро нишон додем", -- афзуд Муҳаммадҷонзода.

Раиси Кумита мегӯяд, бо тағйироти ахир камбудиҳо дар имлои забони тоҷикӣ бартараф шуда, он ҳеч гуна мушкиле барои сокинон пеш намеорад.

"Сардаргумӣ, хатоҳои бештар..."

Ин дар ҳолест, ки аз ҳоло дар шабакаҳои иҷтимоӣ танқиду нигарониҳо аз тағйири нави имло садо медиҳанд. Бархе бар ин аст, ки зуд-зуд иваз кардани имло ва дар як меъёри муайян нигоҳ надоштани он боис ба сардаргумӣ ва хатоҳои бештар шудааст.

Умед Ҷайҳонӣ
Умед Ҷайҳонӣ

Умед Ҷайҳонӣ, пажуҳишгари тоҷик, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, имлоро ҳар даҳсола иваз кардан натанҳо кори дуруст нест, балки беҳуда аст: "Имлоро дар 50 сол як бор ҳам иваз кардан кори дурусте нест. Бубинед, имлои забони Фаронса чандсад сол як хел ҳаст, ё ин ки имлои забони инглисиро касе ислоҳ намекунад, имлои забони русиро низ касе иваз намекунад. Онеро, ки дар 50 сол пеш тасдиқ шудааст, касе ислоҳ намекунад."

Ба қавли ӯ, барои босифат ва зуд омӯхтани имлои нави забон бояд омӯзиши онро аз кӯдакистон сар кунанд ва меъёр бетағйир монад.

"Қобили қабул ва зарурӣ"

Баъзе аз пажуҳишгарони дигар тағйири имлоро қобили қабул ва зарур медонанд. Аҳмадшоҳ Комилзода бар ин назар аст, ки дар имлои нав ислоҳоте ворид нашудааст, ки боис ба нигаронӣ бошад.

Аҳмадшоҳ Комилзода
Аҳмадшоҳ Комилзода

"Як камбуди ҷиддӣ ин буд, ки дар калимаҳои арабӣ пештар ба кадом далелҳои номаълум ҳамин ӯ-ро ворид карда буданд. Соли 2011 ҳамонро аз байн бурданд. Дар ин тағйироти охирин ин чиз ба ҳамон ҳолати пешинааш мондааст. Дар ин тағйироти ахир баъзе масъалаҳое ҳаст, ки бештар ба аломатҳои китобат дахл дорад, ки дар қарори пешин набуд", -- афзуд Комилзода.

Дар баробари чандин тағйир дар қонуни нави имло аз ҷумла ҳарфҳои алифбо ба шеваи тоҷикӣ номгузорӣ шуд. Барои мисол, “М” бар асоси алифбои русӣ “эм” ном бурда мешуд, акнун “ме” гуфта мешавад. Ё ин ки ҳарфи “Л” минбаъд “ле” ном дорад. Дар қоидаҳои нав ба ҷои номи "у"-и дароз танҳо "ӯ "ва "и"-и дароз танҳо "ӣ" омадааст.

Намояндагони Кумитаи забон ва истилоҳот мегӯянд, ҳамаи тағйиру навигариҳоро дар як дастуруламал ба Вазорати маориф ва илм барои ҷорӣ намудани он дар китобҳои дарсӣ, ба Иттифоқи нависандагон ва ба идораи нашрияву расонаҳо мефиристанд.

Ба қоидаҳои имлои забон ба сурати умум 119 тағйиру иловаҳо дароварда шудааст.

Даҳ сол пеш низ имлои забони тоҷикиро ислоҳ карда буданд, вале дар пайи як танқиди раиси ҷумҳурӣ (дар соли 2019) ба иваз кардани он сар карданд. Мақомот ҳамаи ин тағйиротро барои рушди забон муҳим мешуморанд. Вале ба назари пажӯҳишгар Умед Ҷайҳонӣ, “ҳадаф танҳо ин аст, ки Кумитаи забон мехоҳад, вонамуд кунад, воқен ҳам кор мекунад”.

XS
SM
MD
LG