Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

USAID барои рушди тиҷорати ОМ $ 19 млн дод


Ренди Колстад, раҳбари Оҷонсии USAID дар Тоҷикистон
Ренди Колстад, раҳбари Оҷонсии USAID дар Тоҷикистон

Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) рӯзи 5-уми октябр аз оғози тарҳи нави панҷсолаи 19-миллион долларӣ оид ба рушди савдо дар Осиёи Марказӣ хабар дод. Ҳама кишварҳои минтақа - Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон дар ин тарҳ иштирок мекунанд. Дар доираи ин тарҳ тиҷорати минтақавӣ, рушди корхонаҳо ва раддубадалҳои минтақавӣ пешбинӣ мешавад.

Дар изҳороти матбуотии USAID омадааст, ки тарҳи мазкур барои расидан ба се ҳадафи стратегӣ мусоидат мекунад. Ин - фаъолият барои ҳамоҳангсозии расмиёти гумрукӣ ва сарҳадӣ бо мақсади кам кардани хароҷоту вақти интизорӣ, муколамаи байни бахшҳои давлатӣ ва хусусӣ ба хотири ислоҳоти судманд, ки ба афзоиш ва ҷалби бештари сармоягузорӣ мусоидат мекунад ва ниҳоят фаъолият ҷиҳати афзоиши тиҷорати фаромарзӣ байни ширкатҳои минтақа ва ҷаҳон мебошанд.

USAID мегӯяд, аз соли 1991 то имрӯз ҳукумати ИМА ба Тоҷикистон дар ҳаҷми беш аз 1 миллиард доллар кӯмак кардааст ва 650 миллион доллари ин маблағ тавассут Агентии рушди байалмилалӣ дода шудааст.

Аз кишоварзӣ то тандурустӣ. Барномаҳои нави USAID дар Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:11:48 0:00

XS
SM
MD
LG