Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бонкдори рус ба пардохти $500 миллион ба андози ИМА розӣ шуд


Олег Тинков, муассиси "Бонки Тинков". Акс аз соли 2019
Олег Тинков, муассиси "Бонки Тинков". Акс аз соли 2019

Олег Тинков, як муассиси калонтарин бонки хусусӣ дар Русия, ки дар ИМА барои тақаллуб бо андоз боздошт шудааст, розӣ шуд, ки ба Хадамоти даромадҳои дохилӣ - идораи андози Амрико ним миллион доллар пардохт кунад. Олег Тинков моҳи феврали соли 2020 бо дархости ИМА дар Бритониё боздошт шуд ва бояд рӯзи 29-уми октябр ҳукми ӯ содир шавад. Дар ин бора рӯзи 1-уми октябр вазорати адлияи ИМА хабар дод. Соҳибкори зодаи Русия соли 2013 аз шаҳрвандии ИМА даст кашид. Ин замоне буд, ки бонки TCS-и ӯ дар бозори бурси Лондон ҳузур пайдо кард. Вазорати адлияи ИМА гуфт, ки Тинков як қисми саҳмияҳои худро фурӯхт ва бар асоси қонунҳои Амрико, барои даромади ёфтааш бояд андоз супорад. Шахсоне, ки аз шаҳрвандии ИМА даст мекашанд, бар асоси қонун, агар дороиашон аз 2 миллион доллар бештар буд, бояд дар сурати фурӯши моликияташон ҳам андози хориҷ шуданро супоранд. Тинков дар гузоришаш ба хадамоти андози Амрико иддао кард, ки дороиҳои ӯ аз 2 миллион доллар зиёд нест.

XS
SM
MD
LG