Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми зиндони шоир ва дигарандеши қазоқ баъди 15 соли ҳабс сабуктар шуд


Додгоҳе дар шаҳри Павлодари Қазоқистон қарор кард, ки мӯҳлати боқимондаи ҳукми зиндони шоир ва дигарандеш Арон Отабек ба маҳдуд кардани озодӣ иваз шавад. Дар ин бора дафтари матбуоти додгоҳи вилояти Павлодар хабар дод. Дар хабар омадааст, ки додгоҳ бо сабуктар кардани мӯҳлати боқимондаи зиндони Отабек ба хотири бад будани саломатиаш розӣ шуд. Додгоҳ гуфт, Арон Отабек ба бемории табобатнашавандаи осеби сутунмӯҳра гирифтор аст ва ин беморӣ ба феҳристи бемориҳое ворид шудааст, ки бар асоси он озод шудани маҳбус аз идомаи иҷрои ҳукм ҳақ пайдо мекунад. Додгоҳ инчунин гуфт, ки “сангинии ҷинояти содиршуда, шахсияти маҳкумшуда ва дигар ҷузъиётро” ба инобат гирифтааст.

Қарори додгоҳ ду рӯз баъди он содир шуд, ки фаъолони ҳуқуқ дар бораи бистарӣ шудани шоир ва дигарандеши зиндонии қазоқ дар беморхона хабар доданд. Намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Қазоқистон дербоз аз вазъи сиҳатии шоир Отабек, ки беш аз 15 сол мешавад, дар зиндон аст, нигаронӣ мекунанд.

Арон Отабек барои ташкили эътирозҳои ҷамъиятие, ки боиси куштори як ходими полис шуд, ба 18 соли зиндон маҳкум гардид. Ҳомиёни ҳуқуқи маҳаллӣ ҳафтаи гузашта дар як муроҷиатнома аз президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев даъват карданд, ки шоир Отабекро афв кунад.

XS
SM
MD
LG