Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қирғизистон театри миллии "Манас" таъсис ёфт


Азиз Биймирзо уулу
Азиз Биймирзо уулу

Бар асоси қарори Девони вазирони Қирғизистон, дар ин кишвар театри миллии "Манас" таъсис ёфт. Роҳбари театр манасшинос Азиз Биймирзо уулу ба бахши қирғизиии Радиои Озодӣ гуфт, низомномаи муассиса 30 сентябр тасдиқ шудааст.

Таъсиси театри нав дар Қирғизистонро 25 сентябр дар ҷараёни ҷашнвораи ҳамосаҳои мардуми ҷаҳон дар шаҳри Бишкек эълом карданд. Азиз Боймирзо ҳамчун раҳбари театр муаррифӣ ва аз номи президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов ба ӯ барои харҷҳои муассисаи зери раҳбарияш ба маблағи 500 ҳазор сом (ҳудуди 6 ҳазор доллар) сертификат дода шуд.

Бар асоси қарори Девони вазирони Қирғизистон, фаъолияти театрро Вазорати фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сиёсати ҷавонони он кишвар сармоягузорӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG