Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо ихроҷи Валентина Чупикро манъ кард


Валентина Чупик

Додгоҳи аврупоии ҳуқуқи башар бо як қарораш рӯзи 30-юми сентябр ҳадди аққал то 17-уми октябр ихроҷи раҳбари созмони ғайридавлатии “Тонг Ҷаҳони”(“Субҳи ҷаҳон”) Валентина Чупик аз боздоштгоҳи Русияро  манъ кард.



Додгоҳи аврупоии ҳуқуқи башар бо як қарораш рӯзи 30-юми сентябр ҳадди аққал то 17-уми октябр ихроҷи раҳбари созмони ғайридавлатии “Тонг Ҷаҳони”(“Субҳи ҷаҳон”) Валентина Чупик аз боздоштгоҳи Русияро манъ кард. Қарори додгоҳро дар саҳифаи фейсбукии худ вакили дифоъ Даря Тренина нашр кардааст.

Дар қарор гуфта мешавад, ки дар робита бо Чупик қоидаи рақами 39-и оинномаи додгоҳиро татбиқ кардааст. Ин қоида ба давлат иҷрои амалҳоеро манъ мекунад, ки метавонанд ба ҳаёт ва саломатии инсон осеби ҷуброннопазир расонад ваё ба давлат ишора кунад, ки аз амале, ки боиси осеб расонидан мешавад, даст кашад. Дар аксар ҳолатҳо қоидаи 39-юм барои роҳ надодан ба ихроҷ ваё депортатсия истифода мешавад.

Ҳоло маълум нест, ки то куҷо мақомоти Русия ин қарорро иҷро мекунанд, чун дар гузашта ҳолатҳои зиёде шудааст, ки Маскав қарорҳои додгоҳи Аврупоро нодида гирифта боздоштшудаҳо, ба вижа фаъолони сиёсиро истирдод кардааст.

Рӯзи 30-уми сентябр ба иттилои Александр Ким, вакили дифои Валентина Чупик, кормандони сафорати Узбекистон ба фурудгоҳи байналмилалии “Шереметево”-и Русия рафта, зоҳиран санадҳои таҳияи шиносномаи шаҳрванди Узбекистонро ба ӯ доданд. Александр Ким гуфт, “Валентина Чупик гуфт, ки кормандони сафорати Узбекистон омада ӯро акс гирифтанд. Гӯё барои таҳияи шиносномае, ки ба ӯ имкони сафар ба ҷои дилхоҳашро хоҳад дод. Мо ба ин гап бовар надорем. Мо ба ин андешаем, ки ӯро барои таҳияи шаҳодатномаи бозгашт аксбардорӣ карданд”.

Александр Ким гуфт, тими дифоии Чупик ҳамчунин дар як муроҷиаташ тавассути почтаи электронӣ аз сафорати Украина дар Маскав хостааст, ки ба Валентина Чупик ва модараш Любов Кодентсова дар Украина паноҳандагӣ диҳад.

Аз замони боздошти Чупик дар фурудгоҳи Маскав як ҳафта гузашт. Ӯ замоне боздошт шуд, ки аз як сафри корӣ ба Русия баргашт ва мақомот гуфтанд, ки ӯро ба Русия иҷозаи ворид шудан намедиҳанд. Ӯро аз санади муҳоҷир маҳрум карда, ба мӯҳлати 30 сол ҳақи ворид шудан ба Русияро манъ карданд. Ӯ гуфт, ки эҳтимолан ӯро ба Узбекистон истирдод мекунанд.

Мақомоти Узбекистон то ҳол қазияи Чупикро шарҳ надодаанд.

Валентина Чупик соли 2006 аз тарси таъқиби Хадамоти амнияти миллии Узбекистон аз ин кишвар фирор кард ва соли 2009 дар Русия мақоми паноҳандагӣ гирифт. Он замон ӯ бо кӯмак ба муҳоҷирон машғул шуд ва ба муҳоҷирони корӣ дар амри дарёфти ёрии ройгони ҳуқуқӣ оид ба масоили пайдо кардани кори қонунӣ ва ҳимояти ҳуқуқи онҳо аз боздоштҳои ғайриқонунӣ ёриҳо мерасонид.

Чупи 48 сол дошта, дар як мусоҳибааш бо Радиои Озодӣ аз боздоштгоҳи "Шереметево" гуфт, бовар дорад, ки сабаби аслии боздошту нияти ихроҷи ӯ аз кораш "асабонӣ будани сохторҳои ҳифзи қонуни Русия мебошад". Ӯ гуфт: "Сабабаш ҳам ин ки аз муҳоҷирон ҳимоят мекардам. Ба ман дар шаби аввали бозпурсӣ корманди ФСБ рӯйирост гуфт, “бо ин рафторе, ки доштед, боз чӣ мехостед? Шумо фаъолона нақл мекунед, ки дар ВКД фасоди доимӣ вуҷуд дорад. Ҳамеша аз болои полис шикоят мекунед, онҳо ҳам аз рӯйи Шумо шикоят мекунанд. Мо наметавонистем чораҷӯӣ накунем”.

Чупик гуфт, ки аз истирдод ба Узбекистон ҳарос дорад, чунки, ба иддаои ӯ, он ҷо ӯро шиканҷаву марг таҳдид мекунад.

Шарҳҳоро бинед (2)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG