Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори мақомоти Русия ба "муҳоҷирони ғайриқонунӣ"


Маскав, 29-уми сентябри 2021
Маскав, 29-уми сентябри 2021

Валентина Казакова, як мансабдори Вазорати корҳои дохилии Русия, ҳушдор дод, ки баъди 30-юми сентябр пулис метавонад, нисбат ба муҳоҷирони ғайриқонунӣ иқдом кунад.

Ба гуфтаи вай, пулис метавонад, муҳоҷирони ғайриқонуниро аз Русия биронад.

Моҳи июни имсол президенти Русия Владимир Путин фармон дар бораи тамдиди будубоши муваққати муҳоҷиронро дар Русия то 30-юми сентябр имзо карда буд. То охири ин моҳ шаҳрвандони хориҷие, ки барои дар Русия мондан асоси қонунӣ надоштанд, мебоист буду боши худро қонунӣ гардонанд.

Мақомоти Русия муҳоҷиронро огоҳ карданд, ки муҳлати қонунигардонии будубошашон ба поён мерасад.

Вадим Коженов, сардори Эътилофи муҳоҷирони Русия, гуфт, пушти дари марказҳои муҳоҷиратӣ навбатпоӣ дида мешавад. Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, бештар аз муҳоҷирони дигар дар Русия афғонистониҳо осебпазиртар ҳастанд. Дар сурате, ки агар будубоши худро қонунӣ нагардонанд, ба Афғонистон ихроҷ мешаванд.

Раиси Шӯро оид ба ҳуқуқи инсон дар Русия Валерия Фадеева ва чанд манбаи дигар мегӯянд, мумкин аст, муҳлати қонунигардонии будубоши муҳоҷирон тамдид карда шавад.

Ба иттилои Валентина Казакова, дар Русия 7 миллион муҳоҷир ҳузур дорад. Одатан дар он кишвар аз 9 то 11 миллион муҳоҷир кор мекард, аммо ба далели вабои коронавирус шумораи муҳоҷирон дар Русия кам шуд.

XS
SM
MD
LG