Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия таҳдид кард, ки "Ютуб"-ро мебандад


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Дар вокуниш ба бастани барномаҳои "Russia Today' ба забонии олмонӣ, ҳукумати Русия рӯзи чаҳоршанбеи 29-уми сентябр таҳдид кард, ки мумкин аст шабакаи "Ютуб"-ро тамоман бандад ва дар нисбати расонаҳои олмонӣ низ чораҳои ҳамсон анҷом диҳад.

Ба гузориши хабаргузории "Ройтерз", шабакаи "Ютуб" рӯзи сешанбе эълом кард, ки барномаҳои "Russia Today" қоидаҳои зидди нашри маълумоти ғалат дар бораи бемории КОВИД-19 ва буҳрони коронавирусро поймол кардааст. Аммо Вазорати корҳои хориҷии Русия ин тасмими "Ютуб"-ро "ҳамлаи бесобиқа ба расонаҳо" хондааст.

Созмони давлатии назораткунандаи фаъолияти расонаҳо дар Русия гуфт, дар нома ба ширкати "Гугл" -- молики "Ютюб" хостори бекор кардани ин маҳдудият шудааст ва агар "Ютуб" ба ин дархост посух надиҳад, дар муқобил Русия дастрасӣ ба ин канал дар Русиро қисман ва ё комилан маҳдуд мекунад.

Ширкати "Гугл" то кунун ба ин нома посух надодааст ва вокунише ҳам накардааст.

Русия айни замон таъкид кард, ки мумкин аст "Ютуб"-ро маҷбур кунад, ҳама қонунҳои ин кишварро иҷро кунад ва дар сурати нақзи қонунҳо, Русия ҳеҷ гузаште нахоҳад кард.

Дмитрий Песков, сухангӯи раёсати ҷумҳури Русия рӯзи чаҳоршанбе дар як нишасти хабарӣ гуфт, "нишонаҳои бисёр ошкор аз нақзи қонунҳои Русия вуҷуд дорад ва ин тасмими "Ютуб" намунаи сензура ва пешгирӣ аз нашри маълумот аз сӯи расонаҳо аст".

Вазорати корҳои хориҷии Русия низ эълом кард, ки "пешниҳодҳое барои иқдоми мутақобил алайҳи "Ютуб" ва расонаҳои олмонӣ дарёфт кардааст".

Мудири бахши Олмон дар созмони Гузоришгарони бидуни марз гуфт, матраҳ кардани чораҳои интиқомҷӯёна алайҳи рӯзноманигорони олмонӣ, "комилан нобаҷо" аст.

Ҳукумати Русия дар солҳои ахир фишорҳоро бар шабакаҳои иҷтимоӣ, чун "Ютюб" ва "Фейсбук" бештар кардааст. Маскав солҳои ахир бинобар нашри матлабҳои "ғайриқонунӣ", ин ширкатҳоро ҷарима кард ва барои "Твиттер" маҳдудиятҳое ҷорӣ намуд.

Ҳукумати Олмон иддаоҳои Русия дар бораи ҳазфи барномаҳо ба забони олмонии "Russia Today"-ро рад кард. Сухангӯи ҳукумати Олмон рӯзи чаҳоршанбе зимни нишасти хабарӣ гуфт, "ин тасмими "Ютуб" бар асоси муқаррароти "Ютуб" аст. Давлати Олмон ва дигар ниҳодҳои расмии кишвар дар ин тасмим ҳеҷ дахолате надоранд".

XS
SM
MD
LG