Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон: “Ба Қирғизистон нома нафиристодаем”


Минтақаи наздимарзии Исфара
Минтақаи наздимарзии Исфара

Дар вокуниш ба як хабари Радиои Озодӣ, ки гӯё Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо фиристодани номае ба ҳамтоёни қирғизистонии худ хоҳони азсаргирии ҳамкориҳо шудааст, Вазорати нақлиёти Тоҷикистон изҳор дошт, ки он ҳеч гуна номае ба Қирғизистон нафиристодааст.

Сармуҳаррири ҳафтаномаи «Нақлиёт» - и Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хандонгул Доробова, ки дар матлаби пешина ин хабар ба нақл аз ӯ нашр шудааст, мегӯяд, дар ин масъала ба Радиои Озодӣ иттилоъ надодааст ва ҳам “Вазорати нақлиёт дар ин бора ба ягон ҷо нома равон накардааст. Маълумоти дар сомонаи Радиои Озодӣ омада асоси воқеӣ надорад.”

Дар тасҳеҳномае, ки Хандонгул Доробова ба Радиои Озодӣ ва Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон фиристодааст, ин нақли қавл аз ӯ дар гузориши «Бе нишонаи беҳбуд. Робитаҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳамоно сард мемонанд» рад карда мешавад: "номаи расмӣ фиристода, хоҳони кушодани марз барои равоуи мошинҳо шудем, вале ҷавоб нагирифтем. Ба ҳар сурат, Тоҷикистон омода аст, ки ҳаракати озоди мошинҳои ду кишварро таъмин кунад."

Хандонгул Доробова, ки хабарнигори Радиои Озодӣ барои таҳияи гузориши мазкур бо ӯ ҳамсуҳбат шуда буд, дар он мусоҳиба зикр кардааст, ки аз тарафи Тоҷикистон барои ҳаракати мошинҳо аз Қирғизистон ба Тоҷикистон монеа вуҷуд надорад, вале тарафи Қирғизистон марзҳояшро барои Тоҷикистон бастааст.

Қирғизистон аз 21 майи соли равон пас аз задухӯрдҳо дар марз миёни миёни ду кишвар роҳҳои ҳавоӣ, мошингузар ва равуои шаҳрвандони Тоҷикистонро ба ин кишвар бастааст. Ҳарчанд дар оғоз ин як чораи муваққатӣ номида мешуд, бо гузашти панҷ моҳ низ ин дастури ҳукумати Қирғизистон дигар нашудааст.

Гузориши Радиои Озодӣ ба сурати умум дар бораи вазъи феълии муносибатҳои байни ду кишвар буд ва эҳтимоли талошҳои эҳёи равобит танҳои гӯшае аз он. Бо вуҷуди ин Радиои Озодӣ барои муайян кардани асли хабар ва эҳтимоли он ки шояд дар пешниҳоди он ба шитобу саҳлангорӣ ва адами дақиқкорӣ роҳ дода шудааст, тафтишоти дохилӣ мегузаронад.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG