Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду раҳбари ҷомеаҳои тоҷикони Русия даргузаштанд


Мутрибшо Мирзоев як раҳбари фаъоли ҷамъияти миллии тоҷикон дар вилояти Нижний Новогород буд. Акс аз видео-гузориши вебсайти dzertv.ru
Мутрибшо Мирзоев як раҳбари фаъоли ҷамъияти миллии тоҷикон дар вилояти Нижний Новогород буд. Акс аз видео-гузориши вебсайти dzertv.ru

Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон аз даргузашти ду раҳбари ҷамъияти тоҷикон дар Русия изҳори таассуф кардааст. Рӯзи 28-уми сентябр роҳбари ҷамъияти тоҷикони шаҳри Дзержинскии вилояти Нижний Новгород Мутрибшоҳ Мирзоев дар синни 61-солагӣ даргузашт. Сабаби марги раҳбари созмони «Умед» нашр намешавад. Дар изҳороти Вазорати меҳнат ва муҳоҷират Мирзоев ба ҳайси як ҳомии муҳоҷирони корӣ ёд шудааст, ки ҳамеша ба ҳалли мушкилоти онҳо мусоидат мекард.

Марги Мирзоевро матбуоти маҳаллии Нижний Новгород ҳам ботаассуф хабар додааст, чун, зоҳиран, ӯ як фаъоли ҷамъиятии маҳаллӣ буд. Ба навиштаи вебсайти dzertv.ru, Маросими ҷанозаи Мирзоев рӯзи 29-уми сентябр дар масҷиди шаҳри Нижний Новгород барпо шудааст. Даргузашти Мирзоевро мақомоти вазорати сиёсати дохилии вилояти Нижни Новгород ҳам як талафот барои ҷомеаи маҳаллӣ унвон кардааст.

Ҳамчунин вазорат аз даргузашти роҳбари ҷамъиятии тоҷикони шаҳри Химкии вилояти Маскав низ хабар додааст. Тошмурод Ҳомидов, ба иттилои расмӣ, аз бемории саратон фавтид. Бо афзоиши муҳоҷирати кории шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия дар нуқоти мухталифи ин кишвар созмону ҷамъиятҳои фарҳангиву миллӣ таъсис шуданд, ки мегӯянд, ҳадафашон ҳимоят аз ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон ва тоҷиктаборон мебошад. Аксари ин созмонҳо дар ҳамкории наздик бо сафорати Тоҷикистон дар Маскав фаъолият мекунанд.

XS
SM
MD
LG