Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Навалний ба ҷоизаи ба номи Сахаров пешбарӣ шуд


Мурофиаи додгоҳии Алексей Навалний дар зиндон. 23-юми сентябри соли 2021
Мурофиаи додгоҳии Алексей Навалний дар зиндон. 23-юми сентябри соли 2021

Мунаққиди зиндонии Кремлин Алексей Навалний ба бурдани ҷоизаи ҳуқуқи башари ба номи Андрей Сахаров пешбарӣ шуд. Ин ҷоизаро Парлумони Аврупо барои талошҳои шахсият ва созмонҳо дар таъмини ҳуқуқи башар таъсис додааст. Навалнии 45-сола баъди заҳролуд шуданаш соли гузашта ба Русия баргашт ва баробари ворид шуданаш ба Маскав январи имсол боздошт ва ба 2,5 соли зиндон ҳабс шуд.

Питер ван Дален, як узви Парлумони Аврупо аз Нидерланди дар ин бора дар Брюссел гуфт:

“Барои ман боиси ифтихор аст, ки Алексей Навалнийро аз номи ҳизби мардумии Аврупо муаррифӣ кунам. Алексей Навалний ва Андрей Сахаров фарзандони як сарзаминанд. Сахаров алайҳи режими пусидаи Шӯравӣ, ки ниҳоят суқут кард, баланд шуд. Бовар дорам, ки ҷасорати Алексей Навалний оғози хатми диктаторӣ дар Русия хоҳад буд. Талошҳои ахири Кремлин барои нобуд кардани Алексей Навалний ва ҳам қарори додгоҳ барои зиндонӣ кардани ӯ чеҳраи воқеии Путин ва доираи наздикони ӯро ба намоиш гузошт. Алексей Навалний раҳбари мухолифон шуҷоати бузург ва сарсупурдагӣ дорад”.

Дар миёни номзадони дигари ҷоизаи ба номи Сахаров гурӯҳи бонувони ҳомии ҳуқуқ аз Афғонистон, як сиёсатмадори боливиягӣ ва созмони бритониёии ҳуқуқи башар мебошанд.

Ҷоизаи ба номи Андрей Сахаров барои озодии баён ба номи донишманду сиёсатмадори дигарандеши рус Андрей Сахаров гузошта шуда, соле як бор тақдим мешавад. Исми барандаи ҷоизаву 50 ҳазор евро маблағ рӯзи 21-уми октябр эълон мешавад. Дар гузашта президенти Африқои Ҷанубӣ Нелсон Мандела, фаъоли маориф аз Покистон Малола Юсуфзай ва мухолифони беларусӣ барандаи ин ҷоиза шудаанд.

XS
SM
MD
LG