Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти Фаронсаро бо тухм заданд


Эммануэл Макрон дар марказ. Акс аз бойгонӣ
Эммануэл Макрон дар марказ. Акс аз бойгонӣ

Эммануэл Макрон, раиси ҷумҳури Фаронсаро рӯзи 27-уми сентябр дар як чорабиние, ки он ҷо хӯрокҳои фаронсавӣ тарғиб мешуд, бо тухм заданд. Ҳодиса дар шаҳри Леон дар намоишгоҳи хӯрок сурат гирифт. Дар як навори видеоӣ аз ҷойи ҳодиса дида мешавад, ки як тухм ба китфи Эммануэл Макрон мерасад, вале намешиканад. Ҳамин лаҳза эътирозгаре бо нидои «Зинда бод инқилоб» фарёд мекашад. Як мардро барои тухмпартоӣ дастгир кардаанд. Хабаргузории Ройтерс мегӯяд, сухангӯи Эммануэл Макрон ба дархости шарҳи ҳодиса посух надодаааст. Моҳи июни ҳамин сол раиси ҷумҳури Фаронсаро марде ҳангоми мулоқоташ бо мардум як шаппотӣ зад ва ба чаҳор моҳи зиндон маҳкум шуд.

XS
SM
MD
LG