Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳайати ҳукумати "Толибон" ба Маскав сафар мекунад


Хабаргузории "РИА Новости" иттилоъ дод, ки айни замон миёни Маскав ва "Толибон" гуфтушунид бобати сафари як ҳайати ҳукумати "Толибон" ҷараён дорад. Ҳамчунин ба нақл аз иҷрокунандаи вазифаи муовини вазири фарҳанг ва иттилооти ҳукумати "Толибон" Забеҳулло Муҷоҳид гуфта мешавад, ки Кобул хостори чунин сафар шудааст.

Ин дар ҳолест, ки панч увзи доимии Шӯрои Амнияти Созмони Милал хостори муколама бо ҳукумати "Толибон" шудаанд. Антонио Гутерреш, дабири кулли СММ рӯзи 22-юми сентябр гуфт, ки ин талошҳо ба он хотир аст, ки “дар Афғонистон ҳуқуқи занону духтарон риоят шавад. Афғонистон паноҳгоҳи террористон нашавад ва ҳукумате фарогире дошта бошад, ки аз тамоми аҳолии намояндагӣ кунад.”

Бо вуҷуди он ки Русия ва Тоҷикистон шарикони стратегӣ шумурда мешаванд, Тоҷикистон аз камтарин кишуарҳоест, ки эътирофи ҳукумати толибҳоро рад мекунад ва хостори таъсиси ҳукумати ҳамашумал дар Афғонистон аст.

XS
SM
MD
LG