Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Биржаи Лондон "Қирғизтило"-ро ширкати беэътимод номид


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Иттифоқи касабаи кӯҳӣ-металлургии Қирғизистон гуфт, қарори LBMA, ки ширкати "Қирғизтило"-ро дастраскунандаи беэътимод меномад, бояд бекор карда шавад.

Дар номаи иттифоқи мазкур омадааст, ки "ин қарори Биржаи металҳои гаронбаҳои Лондон метавонад, ба бахши истихроҷи тилои Қирғизистон таъсир расонда", боиси муфлисшавии корхонаи "Кара-Балтинский" шавад. Зеро ба гуфтаи муаллифони нома, коркарди тило дар корхонаи мазкур фоидаовар нахоҳад буд.

"Маҳрум шудан аз унвони "боэътимод" дар баробари талафоти иқтисодӣ зарбаи сахте ба имиҷи Қирғизистон дар арсаи байналмилалӣ, аз ҷумла дар миёни сармоягузорон низ хоҳад шуд", - омадааст дар номаи Иттифоқи касабаи кӯҳӣ-металлургии Қирғизистон.

LBMA 17-уми сентябр дар бораи қарори ахири худ хабар дода, гуфт, тасмими мазкур ба хотири риоя нашудани талабот аз сӯи ширкати қирғизӣ гирифта шудааст.

Бояд гуфт, "Қирғизтило" ягона ширкате дар Қирғизистон аст, ки ҳаққи содироти тилои бузургтарин кони ин кишвар - "Қумтор"-ро ба хориҷ дорад.

XS
SM
MD
LG