Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазоҳуроти шинҷониҳо дар назди консулгарии Чин дар Алмато


Тазоҳуроти норозиён дар наздикии сафорати Чин дар шаҳри Нурсултон
Тазоҳуроти норозиён дар наздикии сафорати Чин дар шаҳри Нурсултон

Таҷаммуи ҳудуди даҳ нафар бо талаби раҳоии наздиконашон аз "урдугоҳҳои бозтарбияи сиёсӣ"-и минтақаи Шинҷон дар назди консулгарии Чин дар шаҳри Алматои Қазоқистон то нимашаб идома кард.

Фаъоли мадании қазоқ Байболат Кунболатулӣ 23-юми сентябр ба бахши қазоқии Радиои Озодӣ гуфт, таҷаммуъгарон дар аввал гуфтанд, шабро онҷо рӯз мекунанд, вале дертар ба далели сардии ҳаво тасмим гирифта шуд, ба хонаҳояшон баргарданд.

Ба қавли ӯ, рафти таҷаммуъро кормандони пулис ва чанд кас бо либоси мулкӣ назорат мекарданд. Ба назди эътирозгарон намояндаи шаҳрдории Алмато баромада, гуфтааст, гирдиҳамоӣ "ғайриқонунӣ" аст.

Фаъоли қазоқ мегӯяд, пештар муроҷиатномаеро ба Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон пешниҳод карда, дар он талабҳои худро зикр карда буданд. Талошҳо барои дарёфти назари вазорат бенатиҷа буданд.

Иқдоми қазоқтаборон дар паси дари консулгарии Чин дар шаҳри Алмато 8-уми феврали имсол шуруъ шуд. Бархе аз норозиён мегӯянд, пайвандони онҳоро дар Чин дар "урдугоҳҳои бозтарбияи Шинҷон нигаҳдорӣ мекунанд". Бархеи дигар иддао доранд, ки пайвандонашон дар Чин бе айбу асосе ба солҳои дароз зиндонӣ шудаанд. Гуруҳи севум даъво доранд, ки мақомоти Чин ҳуҷҷатҳои пайвандонашонро мусодира карда, ба онҳо иҷозаи тарки Чинро намедиҳанд.

XS
SM
MD
LG