Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷинпин: Дар хориҷа дигар корхонаҳое, ки бо ангиштсанг кор кунанд, намесозем


Суханронии раҳбари Чин Сӣ Ҷинпин дар Маҷмаи кулли СММ видеоӣ нашр шуд
Суханронии раҳбари Чин Сӣ Ҷинпин дар Маҷмаи кулли СММ видеоӣ нашр шуд

Раҳбари Чин Сӣ Ҷинпин дар суханрониаш дар Маҷмаи кулли СММ рӯзи 21-уми сентябр ваъда дод, ки ин кишвар дигар дар хориҷа корхонаҳое намесозад, ки бо ангиштсанг кор кунанд. Чин ба хотири сохтмони чунин корхонаҳо, ки хилоф бо талаботи созишномаи муҳитзистии Париж мебошад, мавриди интиқод буд. Сӯҳбатҳои видеоии Ҷинпин аз пеш сабтшуда буданд ва ҷузъиёти ин барномаҳо феълан маълум нест. Раҳбари Чин танҳо гуфт, ки ин кишвар “ба давлатҳои дар ҳоли рушд барои истеҳсоли энергияи сабзу орӣ аз карбон ёрӣ мекунад ва аз сохтмони тарҳҳое, ки бар асоси истифодаи ангиштсанг бунёд шудааст, даст мекашад”. Ин паёми Ҷинпинро фиристодаи ИМА дар масоили иқлим Ҷон Керрӣ хуш пазируфт ва гуфт, чунин оғози хуб бояд дар конфронси тағйироти иқлим, ки СММ моҳи ноябр дар шаҳри Глазгоуи Шотландия ташкил мекунад, такмил шавад.

Антонио Гутерреш, дабири кулли СММ ҳам аз ин иқдоми раҳбари Чин ва ҳам аз ваъдаи президенти ИМА Ҷо Байден, ки каме пештар дар Конгресс гуфт, барои тарҳҳои марбут ба тағйироти иқлим то соли 2024 дар як сол то 11,4 миллиард доллар ихтисос медиҳад, истиқбол кард. Айни замон Гутерреш гуфт, барои он ки конфронси Глазгоу муваффақиятомез бошад, ҳанӯз “роҳи дарозе дар пеш аст”.

XS
SM
MD
LG