Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

 Гутерреш: Муборизаҳои дохилии «Толибон» барои қудрат талошҳои байналмилалиро ба ҳам мезанад


Антонио Гутерреш, дабири кулли СММ
Антонио Гутерреш, дабири кулли СММ

Дабири кулли СММ Анонио Гутерреш гуфт, ки “муборизаи идомаёбанда барои қудрат” дар миёни гурӯҳҳои рақиби аъзои «Толибон» вазъи Афғонистонро ба ҳам мезанад. Дар поёни моҳи августи соли ҷорӣ нирӯҳои байналмилалӣ Афғонистонро тарк карданд ва баъди 20 соли ҷангҳо гурӯҳи муҳофизакори исломии «Толибон» сари кор омад. Ҷомеаи ҷаҳонӣ то ҳол аз «Толибон» даъват дорад, ки ба ҳуқуқи инсон эҳтиром қоил шуда, кишварро ба “паноҳгоҳи террористон табдил надиҳад”. Гутерреш гуфт, андешаи ин ки гӯё бо вориди Афғонистон шудани СММ дар аҳди «Толибон» якбора ҳукумати фарогир аз намояндагони гурӯҳу қавмҳои мухталиф созмон меёбад, ҳуқуқҳо таъмину ин қаламрав аз террористон озод мешавад, “хаёли хом аст”. Ӯ гуфт, ки “тавон ва имкониятҳои СММ маҳдуд аст”, вале, ба гуфтааш, ин ниҳод метавонад дар кишвари ҷангзада аз назари ёриҳои башарӣ нақши калидӣ иҷро кунад.

Гутерреш дар остонаи шурӯи мубоҳисаҳои баландпоя дар Маҷмаи кулли СММ, ки аз рӯзи 21-уми сентябр оғоз мешавад, ба АП гуфт: “Маълум аст, ки дар миёни гурӯҳҳои мухталифи раҳбарияти «Толибон» мубориза барои қудрат ҷараён дорад. Вазъият норӯшан боқӣ мемонад”.

«Толибон» рӯзи 7-уми сентябр аъзои ҳукумати нави худро эълон карданд, ки аксаран аз аъзои собиқадори ин созмон ва бар асоси феҳристи СММ ва ИМА ба ҳайси афроди хатарноку террорист ва мамнӯъ иборат мебошанд. Гутерреш гуфт, ки давоми ду даҳсола барои ҳалли мушкилоти Афғонистон трриллионҳо доллар равона шуд, вале “Толибон” дубора сари қудрат омаданд.

Гутерреш гуфт, ин андеша ғайривоқеӣ аст, ки СММ омада дар як фурсати кӯтоҳ метавонад ҳукумати фарогире сохта, риояи озодиҳову ҳуқуқҳоро таъмин мекунад ва намегузорад, ки террристон аз хоки Афғонистон истифода кунанду қочоқи маводи мухаддир хотима ёбад.

Гутерреш дар сӯҳбат бо CNN гуфт, ки СММ дар тамос бо “Толибон” талош дорад, ки ёриҳои башариро ба ин кишвар бирасонад. Ӯ гуфт, ки СММ талош дорад “онҳоро ба дарки зарурати ҷалб шудани “Толибон” ба барномаҳои башардӯстона водор намояд”. Ӯ инчунин гуфт, ки СММ талош дорад ба “Толибон” зарурати дарки ҳамраъйии ҷомеаи байналмилалӣ, эҳтиром ба ҳуқуқи кору таҳсили занону духтаронро расонад, ки, ба гуфтааш, баъдан роҳро барои эътирофи ҳукумати “Толибон” ҳамвор мекунад.

Ҳеҷ давлати хориҷие ҳукумати “Толибон”-ро эътироф накардааст. “Толибон” гуфтаанд, ки кишвар “аморати исломӣ” мешавад ва мудирияти он бар асоси қонунҳои шариати исломӣ ба роҳ монда мешавад. Мақомоти амрикоӣ аллакай ҳушдор доданд, ки дар хоки Афғонистон таҳдидҳои байналмилалии террористии мисли гурӯҳи “Давлати исломӣ” ваё бахши маҳаллии он “Шохаи Хуросони Давлати исломӣ” амал мекунанд. Ҷангиёни гурӯҳи дуюм масъулияти ҳамла ба фурудгоҳи байналмилалии Кобулро дар таърихи 26-уми август ба ӯҳда гирифтанд, ки ҷони даҳҳо нафар – асосан хосторони тарки Афғонистон карданро гирифта буд.

Рӯзи 19-уми сентябр дар як изҳороте ин гурӯҳ иддао кардааст, ки давоми рӯзҳои истироҳати гузашта чандин мошини “Толибон”-ро дар шарқи Афғонистон ҳадаф қарор додааст. Санҷиши дурустии ин иддао феълан имкон надорад, вале гуфта шуд, ки дар ҳамлаҳои 18 ва 19-уми сентябр дар Ҷалолобод дасти кам 8 нафар, аз ҷумла ҷангиёни "Толибон" кушта шуданд.

XS
SM
MD
LG