Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Атрофиёни Лавров дар Русия ва Лондон ба миллиардҳо рубл амвол доранд"


Светлана Полякова, зани "наздик" ба Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, ҳангоми нақшофарӣ дар филм
Светлана Полякова, зани "наздик" ба Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, ҳангоми нақшофарӣ дар филм

Нашрияи "Таърихи муҳим" таҳқиқотеро дар бораи зане бо номи Светлана Полякова нашр кард, ки бо Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия, "муносибатҳои дерина ва наздик" дорад. Нашрия навиштааст, Полякова ва оилаи ӯ бо маблағи беш аз 1 миллиард рубл дороӣ ба даст овардаанд.

Муаллифони таҳқиқот ҳафтаи гузашта бо такя ба манобеи худ тасдиқ кардаанд, ки Полякова дар Вазорати корҳои хориҷии Русия кор мекунад ва аз нуфузи болое бархӯрдор аст. Дар таҳқиқот омадааст, наздикони ӯ ба чанд вазифаи муҳим дар вазорат таъин шудаанд.

Ба рӯзноманигорон даст дод, ки рақами телефони Светлана Поляковаро пайдо карда, бо ёрии барномаҳои санҷишӣ дақиқ кунанд, ки дар телефони шахсони дигар бо кадом ном сабт шудааст.

"Тааҷҷубовар буд, ки дар чанд телефон Поляковаро бо номи "Светлана Лаврова" навиштаанд, ҳарчанд аз рӯи маълумоти манобеи расмӣ гирем, ӯ ҳеч гоҳ насаби вазирро надошт", -- навиштаанд муаллифони таҳқиқот.

Сергей Лавров
Сергей Лавров

"Сарватҳои бешумор"-и Полякова

Чӣ тавре дар таҳқиқот омадааст, Светлана Полякова ҳамзамон бо кор дар Вазорати умури хориҷии Русия, ба тиҷорат низ машғул буд. То соли 2012 яке аз моликони тарабхонаи "Консул" буд, ки дар бинои Академияи дипломатии Русия фаъолият мекард.

Ин тарабхона давоми панҷ сол (аз 2015 то 2020) 97 миллион рубл даромад гирифтааст. Ширкатҳои дигар барои Полякова чунин даромад наовардаанд, аммо ӯ соҳиби амвол бо маблағи қариб 1 миллиард рубл шуд.

Таҳқиқот дақиқ кард, ки амволи зерин ба Светлана Полякова тааллуқ дорад:

  • Хона бо масоҳати қариб 260 метри мураббаъ дар маҷмааи истиқоматии "Пречистенка 13" дар маркази Маскав (Рӯзноманигорон ба хотири махсус ё беназир будани манзил, натавонистанд, нархи дақиқи онро маълум кунанд. Аммо ба маълумоти онҳо, манзил бо ҳамин масоҳат дар ҳамин бино зиёда аз 700 миллион рубл арзиш дорад);
  • Хона бо маблағи қариб 50 миллион рубл дар маҷмааи маъруф дар шаҳри Сочи;
  • Манзил бо маблағи қариб 57 миллион рубл дар деҳаи Палитси дар вилояти Маскав;
  • Парки нақлиётӣ бо худравҳои зерин: Porshce ва ду нақлиёти гаронарзиши Mercedes. То соли 2016 ӯ соҳиби мошини Bentley буд. Модари Светлана Полякова, нафақахӯр Тамара ҳам соҳиби мошини Mercedes аст, ки 20 миллион рубл арзиш дорад.

Тасдиқ шудааст, ки духтари Полякова, Полина молики чандин корхонаҳо дар пойтахти Бритониё аст. Яке аз ширкатҳои ӯ бо номи "PPK Investments Ltd" дар кӯчаи Hollandgreen Place сабт шудааст, ки яке аз минтақаҳои гарони шаҳри Лондон аст.

Дар ҳамон биное, ки ширкати мазкур сабт шудааст, Полина соли 2016 манзилеро барои 999 сол ба иҷора гирифтааст. Ӯ барои ин хона 4,4 миллион фунт стерлинг пардохт кардааст, ки бо қурби ҳамонвақта 440 миллион рубл мебошад. Дар он вақт Полина ҳамагӣ 21 сол дошт.

Светлана Полякова ҳангоми гирифтани ҷоиза аз патриарх Кирилл, соли 2014
Светлана Полякова ҳангоми гирифтани ҷоиза аз патриарх Кирилл, соли 2014

Светлана Полякова ҳамчун корманди Вазорати корҳои хориҷии Русия қадрдонӣ шудааст, аммо маълум нест, ки ӯ ҳоло дар ин ниҳод кор мекунад ё не ва вазифааш чист.

Дар Вазорати корҳои хориҷӣ дархости нашрияи "Таърихи муҳим"-ро нодида гирифтанд ва худи Светлана Полякова ҳам ба суолҳои рӯзноманигорон посух надод.

XS
SM
MD
LG