Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Коммунистҳо маҳбубтар шудаанд”. Дар Русия интихоботи порлумонӣ оғоз ёфт. ВИДЕО


Шиори интихоботӣ бо акси Владимир Путин, президенти Русия
Шиори интихоботӣ бо акси Владимир Путин, президенти Русия

Дар Русия рақобат барои ба даст овардани курсӣ дар “Думаи Давлатӣ“, порлумони Русия оғоз ёфт, ки се рӯз идома мекунад.

Мақомоти Русия гуфтанд, ки ба хотири ҷилагвирӣ аз паҳншавии коронавирус маъракаи овоздиҳӣ ба интихоботро се рӯз дароз карданд. Интихобот аз имрӯз оғоз шуд ва рӯзи 19-уми сентябр анҷом меёбад.

Назарсанҷиҳои пешакӣ нишон медиҳад, ки маҳбубияти Ҳизби коммунист дар Русия бештар шудааст. Маҳбубияти ҳизби ҳокими "Русияи воҳид", ки аз Владимир Путин, президенти ин кишвар пуштибонӣ мекунад, дар қиёс ба соли 2006 то ба дараҷаи пасттарин поин рафтааст.

Як сокини Камчатка, ки яке аз нахустин овоздиҳандагон буд, гуфт, бар ин назар аст, ки интихобот дар кишвар дигаргунӣ меорад. “Пеш аз он ки ба ин ҷо оям, тариқи интернет бо барномаҳо ошно шудам. Вале баъди омадан ба овоздиҳӣ боз ҳам амиқтар дар бораи барномаҳояшон маълумот гирифтам, ва интихоби худро кардам. Намедонам ҳангоми натиҷагирӣ чӣ мешавад.»,--гуфт ӯ.

Видеоро инҷо тамошо кунед:

Дар Русия интихоботи Думаи давлатӣ оғоз ёфт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:38 0:00

Интиқодҳо низ аз интихоботи Русия зиёд аст. Аз ҷумла, тарафдорони Алексей Навалний, мухолифи зиндонӣ дар Русия як мазҳакаи демократия унвон мекунанд.

Шаҳрвандони Русия бояд соҳибони 450 курсии "Думаи Давлатӣ"-ро аз ҳавзаҳои интихоботӣ ва аҳзоби сиёӣ интихоб кунанд. Дар ин сабқат дар маҷмӯъ 3812 номзад ширкат меварзанд, ки аз 14 иттиҳодияҳои сиёсӣ намояндагӣ мекунанд. Илова бар ин, дар чанд минтақа вакилони маҷлисҳои маҳаллии қонунгузор интихоб мешаванд.

Дар баъзе аз шаҳру вилоятҳо, ба мисли Маскав, Курск, Мурманск ва Ярославск, на танҳо дар ҳавзаҳои интихоботӣ, балки онлайнӣ низ метавон овоз дод.

Гузашта аз ин, шаҳрвандони Русия, ки дар ҷумҳуриҳои эътирофнашудаи Донетск ва Луганск зиндагӣ мекунанд, тавассути портали Хадамоти давлатӣ ё худ Госуслуги имкони овоздиҳӣ доранд.

Тарафдорони мухолифи асосии кишвар- Алексей Навалний, ки ҳоло дар зиндон аст, ба коммунистон такя кардаанд.

Мухолифин мақомотро дар фишори бесобиқаи сиёсӣ айбдор мекунанд. Бунёди мубориза бо коррупсия тобистони имсол экстремистӣ эълон гардид ва вебсайти “овоздиҳии ҳушманд" чанд ҳафта пеш аз интихобот баста шуд. Рӯзи ҷумъа Google ва Apple ҳам барномаи Навалнийро аз нармафзорҳояшон хориҷ карданд.

Соли ҷорӣ дасти кам 400 ҳазор сокинони Русия ва 250 мутахассиси хориҷӣ баргузории интихоботро назорат хоҳанд кард. Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо барои нахустин бор аз соли 1993 ба ин сӯ, қарор кардааст, ки нозиронашро ба интихоти Русия намефиристад.

XS
SM
MD
LG