Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парлумони Қазоқистон қонуни кӯмакҳои низомӣ ба Тоҷикистонро баррасӣ мекунад


Парлумони Қазоқистон
Парлумони Қазоқистон

Дар ҳоле ки раиси ҷумҳурии Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев бо ҳадафи ширкат дар ҷаласаҳои сарони СПАД ва СҲШ дар Душанбе қарор дорад ва дирӯз бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оиди ҳамкориҳои дуҷониба ва вазъияти сиёсию низомии Афғонистон сӯҳбат кардаанд, парлумони Қазоқистон тарҳи қонуни кӯмаки низомӣ ба Тоҷикистонро баррасӣ мекунад.

Лоиҳаи қонун дар бораи интиқоли ройгони силоҳ аз ин кишвар ба Тоҷикистон ба парлумон пешниҳод шудааст. Дар ин бора раиси Кумитаи умури байналмилалӣ ва дифои порлумони Қазоқистон хабар дод. Созишномаи мазкур моҳи июли имсол дар шаҳри Нурсултон ба имзо расидааст.

Вазорати дифои Қазоқистон гуфт, ки кӯмакҳои низомиаш ба Тоҷикистон, ки бо ин кишвар аъзои СПАД мебошанд, ба хотири мусоидат дар тақвияти марзи Тоҷикистон ва Афғонистон карда мешавад. Бино ба иттилои расмӣ, тобистони имсол Қазоқистон дар чаҳорчӯби кӯмаки якдафъаина ба Тоҷикистон захираҳои тиру хумпора додааст.

XS
SM
MD
LG