Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози садҳо нафар дар Қандаҳор


Тазоҳурот дар шаҳри Қандаҳор. 14 сентябри 2021.
Тазоҳурот дар шаҳри Қандаҳор. 14 сентябри 2021.

Садҳо тан дар шаҳри Қандаҳори Афғонистон рузи сешанбеи 14-уми сентябр дар эътироз ба амалкардҳои Толибон тазоҳурот карданд. Толибон садҳо тан аз сокинони маҳалли Фирқаи куҳнаи ин шаҳрро маҷбур карданд, ки хонаҳояшонро тарк кунанд ва аз маҳал берун раванд. Ба навиштаи рузномаи "Ҳашти субҳ", эътирозгарон, ки аксари онҳо занон буданд, гуфтаанд ки Толибон ҳудуди се ҳазор хонаводаро маҷбур кардаанд, ки давоми се руз хонаҳои худро тарк кунанд. Аксари ин хонаводаҳо сарпараст ва ноновари худро дар натиҷаи ҷанг аз даст додаанд. Эътирозгарон мегӯянд, бе доштани сарпараст ва ноновар, солҳо барои барои сохтани хона заҳмат кашиданд ва акнун ҷое барои зиндагӣ надоранд. Аз тарафи дигар, Толибон дар ҷараёни ин тазоҳурот, хабарнигорон ва шуморе аз эътирозгаронро латукӯб кард. Тибқи гузоришҳо, пас аз ин тазоҳурот, волии Толибон дар Қандаҳор ба ин хонаводаҳо иҷоза дод, ки ҳамчунин дар хонаҳои худ бимонанд. Маҳаллае ки эътирозгарон дар он зиндагӣ мекунанд, бахше аз моликияти давлатӣ ва ба Вазорати дифои Афғонистон тааллуқ дорад. Дар солҳои 70-и асри гузашта хонаводаҳои афроде, ки аз сӯи Вазорати дифои Афғонистон ба Қандаҳор барои кор фиристода мешуданд, онҷо зиндагӣ мекарданд.

XS
SM
MD
LG