Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кореяи Шимолӣ як мушаки нави дурпарвозро санҷид


Низомиёни Амрико мегӯянд, озмоишҳои ахири мушакии Кореяи Шимолӣ таҳдидҳоеро барои ҳамсояҳо ва фаротар аз он ба миён овардааст.

Кореяи Шимолӣ гуфт, рӯзҳои шанбе ва якшанбе мушакҳои дурпарвозро муваффақона озмоиш кард. Хабаргузории марказии Кореяи Шимолӣ рӯзи 13-уми сентябр гузориш дод, ки мушакҳо пеш аз он ки ба обҳои қаламрави ин кишвар фурӯ раванд, масофаи 1500 километрро тай карданд.

Ин нахустин озмоиши мушакии Кореяи Шимолӣ аз моҳи март ба ин тараф мебошад. Дар он замон артиши ин кишвар мушакҳои дурпарвозро санҷида буд. Кореяи Шимолӣ дар моҳи январ ҳам чанд соат пас аз он ки Ҷо Байден кори худро ба унвони раиси ҷумҳурии Амрико оғоз кард, озмоиши мушакӣ анҷом дода буд.

Озмоиши ин мушак як рӯз пеш аз мулоқоти музокиракунандаи ҳастаии Амрико, Кореяи Ҷанубӣ ва Ҷопон дар Токио анҷом гирифт. Ҳадаф аз ин мулоқот, пайдо кардани роҳҳое барои гуфтугӯ бо Кореяи Шимолӣ гуфта шудааст.

Ҳукумати Кореяи Шимолӣ пешниҳоди Амрикоро барои азсаргирии музокирот рад кардааст. Ҳукумати Ҷо Байден гуфтааст, аз талошҳои дипломатӣ барои халъи силоҳи ҳастаии Кореяи Шимолӣ истиқбол мекунад. Аммо Вашингтон то кунун барои бекор кардани таҳримҳои Кореяи Шимолӣ майл нишон надодааст.

XS
SM
MD
LG