Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суқути ҳавопаймо дар вилояти Иркутски Русия. Фавтидаҳо ҳастанд


Ҳавопаймои мусофирбари L-410 дар фурудгоҳи вилояти Иркутски Русия нишасти изтирорӣ кард. Ба иттилои пешакӣ, ҳавопаймо 14 мусофир ва ду халабон дошт. Се мусофир ва як халабон фавтидаанд. Расонаҳои Русия бо такя ба хадамоти изтирорӣ навиштанд, ки "ҳавопаймо дар ҷангал афтод". Эҳтимол ҳавопаймо дар натиҷаи иштибоҳи халабонҳо ва аз кор мондани муҳаррик суқут карда бошад. Аз аввали имсол дар Русия 10 рӯйдоди изтирорӣ бо ҳавопаймоҳо сар задааст.

XS
SM
MD
LG