Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

20-умин солгарди ҳамлаҳои 11 сентябр дар Амрико. АКС


Раҳбарони амалкунандаву собиқи ИМА дар маросими поси хотири қурбониёни ҳамлаҳои 11 сентябри соли 2001. Ню-Йорк
Раҳбарони амалкунандаву собиқи ИМА дар маросими поси хотири қурбониёни ҳамлаҳои 11 сентябри соли 2001. Ню-Йорк

Дар ИМА ба муносибати 20-умин солгарди ҳамлаҳои террористӣ дар таърихи 11-уми сентябр маросимҳои хос баргузор мешаванд. Президент Ҷо Байден дар остонаи ин сана ҳамватанонашро ба ваҳдати миллӣ даъват кард.

Ню-Йорк, шаҳре, ки нахустин зарбаи ин ҳамлаҳоро соли 2001 таҷриба кард, соати 8:46 дақиқаи субҳи шанбе сукут кард. Дар ҳамин дақиқаву сония 11 сентябри соли 2001 нахустин ҳавопаймои ҳамлагар ба Маркази ҷаҳонии тиҷорат бархӯрд. Баъди як дақиқа сукут дар маросими хешовандони қурбониёни ин ҳамла як-як номи беш аз 2600 нафар садо додд, ки дар ҳамон лаҳза кушта шуданд. Маросиме бо дарозии чор соат таҳти чораҳои шадиди амниятӣ бо иштироки президент Ҷо Байден ва раиси ҷумҳуриҳои собиқ Барак Обама ва Билл Клинтон ҷараён гирифт. Дар баробари Ню-Йорк дар ду макони дигари фоҷеаҳои 20 сол пеш – Пентагон дар канори Вашингтон ва маҳаллаи Шенксвилли аёлати Пенсилвания ҳам маросими ёдбуд барпо мешавад.

Дар ҳодисаҳои 11 сентябри соли 2001 ҳавопаймоҳои мусофирбаре, ки аз ҷониби террористони узви “Ал-Қоида” идора мешуданд, ба бинои Маркази тиҷоратии воқеъ дар шаҳри Ню-Йорк, бинои Пентагон дар беруни Вашингтон ва як майдоне дар Пенсилвания бархӯрданд

Ин маросим чанд рӯз баъди он мегузарад, ки охирин нирӯҳои ИМА баъди 20 соли ҷанг Афғонистонро тарк карданд ва ҷангиёни "Толибон" дубора назорат ба кишварро ба дасти худ гирифтанд. Дар як паёми видеоӣ ба мардуми кишвар Ҷо Байден сокинони ИМА-ро ба ваҳдату ягонагӣ даъват кард.

Афзоиши ҳамла ба мусалмонҳо ва "қомати хам, вале ношикастаи ваҳдат"

Байден гуфт, ки ваҳдату муттаҳидӣ “дарси асосии” ҳамлаҳое буд, ки ҷони 3 ҳазор нафарро гирифт. Ӯ гуфт: “Ваҳдат нирӯи бузурги мо аст. Ваҳдат ба он маъно нест, ки мо бояд ба як чиз эътиқод дошта бошем. Мо бояд ба ҳамдигар ва ин миллат эҳтиром ва бовар дошта бошем. Мо дар таърих мардуми нодир ҳастем, чунки бар пояи як ғоя бунёд шудаем, ин ғояи он аст, ки ҳама баробар аст ва бояд дар зиндагиаш муносибати баробар бинад. Дар пеши мо як вазифа истодааст, ки на бо намоиши нирӯ, балки бо нирӯи ҳамин намуна пеш равем”.

Суханронии Байден дар ҳоле садо медиҳад, ки назари ҷомеаи ИМА дар робита бо пандемияи COVID-19, эмкунии ҳатмӣ ва хуруҷ аз Афғонистон тақсим шудааст.

Интизор намерафт, ки Байден дар ин маросим суханронӣ кунад, вале дар як сӯҳбаташ ӯ аз қурбониёну ҳазорҳо маҷрӯҳон, гурӯҳҳои сӯхторхомӯшкунӣ ва бисёр дигарҳое, ки ҷонашонро барои наҷоти дигарон қурбон карданд, қадрдонӣ кард.

Ӯ инчунин вуҷуди “нирӯҳои торики табиати башар – тарс ва асабоният, кина ва хушунат алайҳи мусалмонони Амрико”-ро эътироф кард, ки қомати “ваҳдати амрикоиро хам карда, вале нашикастаанд”. Баъди ин дар ИМА ҷинояткорӣ бар асоси бадбинии арабтаборҳову мусалмонҳои амрикоӣ ва дигарҳо афзоиш ёфт.

Ин маросимҳо дар ҳолест, ки рӯзи 10-уми сентябр дар пасманзари нигарониҳои тоза аз он ки Афғонистон дубора метавонад ба пойгоҳи бесуботиҳо табдил шавад, мақомоти калони федероливу иёлот, инчунин раҳбарияти шаҳри Ню-Йорк гуфтанд, ки ҳеҷ таҳдиде ба кишвар аз ҳеҷ созмони террористӣ вуҷуд надорад.

Вазири амнияти дохилии кишвар гуфт, ки вазъи амниятӣ пурра таҳти назорат аст. Мақомоти полиси Ню-Йорк гуфтанд, ки дар макони баргузории маросими поси хотири қурбониёни ҳамла афсарони мусаллаҳи полис ва сагҳои бӯгир мустақар мешаванд ва амнияти мардумро назорат мекунанд.

Маликаи Бритониё Елизаветаи II дар паёме ба Байден гуфт, ки “мо ва аҳли хонаводаам дар ҳақи қурбониён, бозмондаҳо ва оилаҳои осебдида аз ин ҳамлаҳо, инчунин наҷотбахшоне, ки барои иҷрои вазифаҳояшон даъват шуданд, дуо мекунем”.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG