Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чанд мансабдори қазоқ дар дуздии миллионҳо тангаи ғизои хонандагон гумонбар ҳастанд


Яке аз додгоҳҳои Қазоқистон. Акс аз бойгонӣ.
Яке аз додгоҳҳои Қазоқистон. Акс аз бойгонӣ.

Дар вилояти Туркистони Қазоқистон кормандони раёсати маориф дар дуздии 36 миллион танга ва ё наздики 84 ҳазор долларе гумонбар мешаванд, ки барои ғизои хонандагони мактаб ҷудо шуда буд.

Дар ин бора мақомоти зидди фасоди Қазоқистон рӯзи 9 сентябр хабар доданд. Ба иттилои расмӣ, се корманди раёсати вилоятии маориф бо гумони "фасодкорӣ" боздошт шудаанд.

Тафтишот мегӯяд, 36 миллион танга барои ғизои хонандагони синфҳои болоӣ ва донишҷӯёне ҷудо шуда буд, ки барои чорабиниҳои варзишии сатҳи ҷумҳурӣ омода мешуданд.

"Яъне, аз буҷаи кишвар маблағ ҷудо шудаву омодагии варзишкорон дар сатҳи зарурӣ доир нашудааст", - хабар доданд аз мақомоти зидди фасоди Қазоқистон.

Оҷонси назорати молии Қазоқистон гуфт, дар сурати исботи ҷиноят гумонбарон аз 2 то 7 сол зиндонӣ хоҳанд шуд.

XS
SM
MD
LG