Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Шуҷоат"-и Ҳоҷимурод. Як сол баъди марги донишҷӯи тоҷик ба ӯ медал доданд


Ҳоҷимурод Қаландаров
Ҳоҷимурод Қаландаров

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Бошқирдистон ба як донишомӯзи 18-солаи тоҷик баъди маргаш медали “Шуҷоат” дод. Ҳоҷимурод Қаландаров, донишҷӯи соли аввали Донишгоҳи аграрӣ моҳи июни соли гузашта барои наҷоти ду наврасе, ки дар ҳоли ғарқ шудан буданд, худро бо ҳамроҳи дусташ ба дарё андохт. Кӯдакон ҷон ба саломат бурданд, вале худи Ҳоҷимурод аз об берун шуда натавонист. Он замон мақомоти Русия ва Тоҷикистон амали ҷавони тоҷикро қаҳрамонӣ тавсиф карда, ҷасади ӯро барои хоксупорӣ ба ватан фиристоданд.

XS
SM
MD
LG