Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ariana Afghan Airlines: Парвозҳо дар масири дохилии Афғонистон шурӯъ мешаванд


Акс аз соли 2012
Акс аз соли 2012

Як мудири калони ширкати ҳавоии Ariana Afghan Airlines гуфт, ки рӯзи 3-юми сентябр парвозҳои дохилӣ дар Афғонистон аз сар гирифта мешаванд. Франс Пресс дар нақли қавл аз Тамим Аҳмадӣ менависад: “Мо аз Толибон ва мақомоти ҳавонавардӣ иҷозат гирифтем ва нақша дорем, ки имрӯз парвозҳоро шурӯъ кунем”.

Рӯзи 2-юми сентябр телевизиони Al-Jazeera бо такя ба мақомоти соҳаи ҳавоии Афғонистон гуфт, ки парвозҳо дар масири дохилии кишвар аз рӯзи ҷумъа шурӯъ мешаванд, вале барои азсаргирии парвозҳо ба самти хориҷа “фурсат лозим аст”.

Фурудгоҳи Кобул аз 31-уми август баста мемонад. ИМА ва кишварҳои эътилофӣ баъди 20 соли ҷангҳо Афғонистонро тарк карданд. Ҳоло талошҳои ҷомеаи байналмилалӣ ин аст, ки фурудгоҳ ба хотири азсаргирии фаъолиятҳои башарӣ ва идомаи берун бурдани мардум аз кишвар дубора боз шавад.

Вазири хориҷаи Қатар Муҳамад бин Абдураҳмон ат-Танӣ рӯзи 2-юми сентябр гуфт, ки кишварҳои Халиҷи Араб барои дар наздиктарин фурсат фаъол шудани кори фурудгоҳи Кобул бо “Толибон” кор мекунанд. Қатар инчунин бо Туркия ҳамкорӣ мекунанд, то ки ин кишвар тавонад барои шурӯи дубораи фурудгоҳ ёрии фаннӣ расонад.

XS
SM
MD
LG