Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ШАРҲ: Амрико ва муттаҳидонаш алайҳи "Толибон" чӣ фишанг доранд? 


Ҷангҷӯёни "Толибон" пас аз берун рафтани нерӯҳои Амрико аз Афғонистон. Қандаҳор, 1-уми сентябри 2021

Амрико ва муттафиқонаш Афғонистонро дар ихтиёри "Толибон" гузошта рафтанд, вале, тавре президент Ҷо Байден мегӯяд, ҳамоно фишангҳои таъсиррасонӣ ба ҷангҷӯёни исломӣ вуҷуд дорад, то онҳоро ба иҷрои масъулиятҳояшон маҷбур бикунанд.

Ин андешаро мақомоти дигари амрикоӣ ва раҳбарони ғарбӣ ҳам баён мекунанд. Онҳо мегӯянд, бовар доранд, ба "Толибон" мешавад ба истилоҳ аз рӯи усули "шириниву калтак" фишор овард, то даст аз хушунат ва терроризм бардоранд. Вобастагии сахти Афғонистон аз энерживу ёриҳои хориҷӣ, бахусус, ғизо вазъи иқтисодии ин кишварро сангин мекунад.

Чанд фишанги муҳиме, ки Ғарб барои таъсиррасонӣ ба "Толибон" доранд, аз инҳо иборатанд:

ТИЛЛО, ПУЛҲОИ ХОРИҶӢ ВА ЗАХИРАҲОИ ВИЖА

Иёлоти Муттаҳида дар ҳалли сарнавишти 9 миллиард доллар захираи асъор ва тиллои Афғонистон нақши муҳим дорад. Бино ба изҳороти ҳафтаи гузаштаи раҳбари фироркардаи Бонки марказии Афғонистон, 7 миллиард доллари ин пулҳо дар Амрико, 1,3 миллиард доллар дар ҳисобҳои хориҷии дигар ва 700 ҳазор доллар дар Бонки тасфияи ҳисобҳои байналмилалӣ нигаҳдорӣ мешавад.

ИМА бо як қарори фаврияш “Толибон”-ро аз дастрасӣ ба дороиҳои Бонки марказӣ маҳрум кард. Сандуқи Байнулмилалии Пул ҳам аз 18-уми август дастрасии Афғонистонро ба захираҳои пулии ин ниҳоди молӣ, аз ҷумла, 440 миллион долларе, ки барои ёрии изтирорӣ пешбинӣ шуда буд, бебаҳра гузошт.

Айни замон, бархе ҷонибҳо, масалан, Бонки марказии Афғонистон ва ҳукуматҳои хориҷӣ, аз ҷумла Русия, фишор меоранд, ки таҳрими ин дороиҳоро бардоранд ва иҷоза диҳанд, ки зоҳиран бо шартҳои муайян, доллар ба кишвар ворид шавад. Мақомоти Русия рӯзи душанбе гуфтанд, дар сурати ғайр “Толибон” рӯ ба маводи мухаддир ва ё силоҳ меоранд.

ВОБАСТАГӢ АЗ МАҲСУЛОТИ ВОРИДОТӢ

Бахши аъзами маҳсулоте, ки аз хориҷа ба Афғонистон ворид мешавад, ғизо, сӯзишворӣ ва либос мебошад. Бонки Ҷаҳонӣ гуфт, соли 2019 ба ин кишвар ба маблағи 8,6 миллиард доллар маҳсулот ворид шудааст, ки асосан торф, гандум ва маҳсулоти нафтӣ мебошад. Тахминан 70 дарсади нерӯи барқи кишвар бар ивази 270 миллион доллар харида мешавад.

“Толибон” наметавонанд, бидуни дастрасӣ ба доллар ва захираҳои асъори хориҷӣ ин маҳсулотро дастрас кунанд. Захираҳои ин кишвар барои пӯшондани хароҷоти дурӯза кофӣ аст. Амрико ва муттафиқонаш метавонанд, бар ивази тағйири рафтор ба “Толибон” ба захираҳои доллар дастрасӣ диҳанд.

ЁРИҲОИ ХОРИҶӢ

Дар ин бахш ҳам Амрико нақши калидӣ мебозад, чун болои ҳам Бонки Ҷаҳонӣ ва ҳам Сандуқи Байнулмилалии Пул нуфуз дорад. Иёлоти Муттаҳида ба ҳукумат ва созмонҳои мадании Афғонистон миллиардҳо доллар додааст. Бонки Ҷаҳонӣ баъди ба дасти “Толибон” гузаштани ҳукумат дастрасӣ ба ин пулҳоро қатъ кард.

Маълум нест, ки ояндаи Сандуқи амонати бозсозии Афғонистон чӣ мешавад.

Ҳафтаи гузашта Вазорати молияи Амрико як иҷозатномаи маҳдуди наве барои ҳукумат ва шариконаш дар ироаи кумакҳои башарӣ ба Афғонистон содир кард, ки метавонад ҳукуматҳои дигарро ҳам барои пайравӣ аз ин қарор ташвиқ кунад.

Пеш аз 15-уми август миқдори грантҳое, ки солона ба Афғонистон тақдим мешуд, то 8,5 миллиардро ташкил медод. Ин 43 дарсади Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилии кишварро ташкил медиҳад.

Ин маблағҳо ба пардохти 75 дарсади хароҷоти иҷтимоӣ, 50 дарсади буҷа ва 90 дарсади хароҷоти амниятӣ равона мешуд. Ҳама гуна дастрасии “Толибон” ба ин маблағҳо танҳо ба шарти ислоҳи рафтори ин режим имконпазир хоҳад буд.

ТАҲРИМҲОИ МОЛӢ

Дар умум гурӯҳи “Толибон” ва раҳбаронаш як-як таҳти таҳримҳои Амрико ва Созмони Милал мебошанд ва ба таври мустақим дастрасии онҳо ба ҳама гуна долларҳои фиристода дар низоми молии Иёлоти Муттаҳида ҳам манъ мебошад.

Сохторҳои молии ғарбӣ аз муомилаҳои тиҷоратӣ бо Толибон худдорӣ мекунанд, бинобар ин онҳо қонунҳои Амрико нақз намекунанд. Бекор кардани таҳримҳо аз ҷониби вазорати молияи ИМА як ҷараёнӣ дароз ва мушкил хоҳад буд, вале ин вазорат метавонад, вобаста ба рафтори Толибон баъзе иҷозатномаҳоро содир намояд.

БОЗДОШТАНИ КУМАК БА БОНКДОРИИ ХУСУСӢ

Масдуд шудани интиқоли долларҳои Афғонистон болои бахши бонкдории хусусии ин кишвар фишори иловагӣ эҷод мекунад. 12 бонки амалкунанда дар ин кишвар аз коркарди амалиёти долларӣ дар хориҷа вобаста ҳастанд ва се бонки давлатӣ ба таври мустақим таҳти контроли Толибон мебошанд.

Citibank ва дигарҳо ба хотири роҳ надодан ба эҳтимоли вайрон кардани талаботи таҳримҳо чунин кумакрасониро қатъ кардаанд. Палатаи тиҷоратии Афғонистон ва Амрико, ки ба он бонкҳои тиҷоратӣ ва ҳам сармоягузорони корпоративӣ дохил мешаванд, аз Иёлоти Муттаҳида тақозо кардаанд, ки ҳаҷми маҳдуди пулҳои нақд ба кишвар ворид шавад, то ки бовари ҷомеа барқарор ва аз воҳимаву хушунат пешгирӣ шавад.

ПУЛҲОИ ИНТИҚОЛӢ

Афғонистон инчунин аз пулҳои интиқолӣ вобаста аст, ки аз ҷониби муҳоҷирони корӣ фиристода мешаванд. Ин маблағҳо тахминан 4 дарсади Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилии кишварро ташкил медиҳанд.

Western Union – низоми азимтарини ҷаҳонии интиқоли пулӣ ва Moneygram хадамоти худро бо Афғонистон бас кардаанд. Баҳрабардорони ин пулҳо асосан оилаҳои нодор ҳастанд, ки ғизо мехаранд. Барои азсаргирии ин хадамот бояд таҳримҳои Амрико то андозае сабук шаванд.

Шарҳҳоро бинед

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG