Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шурӯи таҳсил дар мактабҳои Тоҷикистон бо нигаронӣ аз бемории ҳамагир. ВИДЕО


1 сентябри 2021, оғози таҳсил дар мактабҳои Тоҷикистон
1 сентябри 2021, оғози таҳсил дар мактабҳои Тоҷикистон

Намояндагони Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ва ЮНИСЕФ аз кишварҳо хостаанд, ки ҳама чораҳои зарурӣ, аз ҷумла эм кардани муаллимонро биандешанд, то бо вуҷуди паҳншавии навъи "делта"-и коронавирус дари мактабҳо кушода бимонанд.

Ҳанс Клюге, раиси минтақаии Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ дар Аврупо, 30-юми август дар Копенҳаген гуфт, бемории коронавирус боиси "ба таври фоҷиавӣ халалдор шудани соҳаи омӯзишу парвариш дар таърих" шуд. Вай афзуд, "бисёр муҳим аст, ки таҳсил дар синфхонаҳо пайваста идома кунад".

Дар Тоҷикистон, ки ба иттилои расмӣ бо мавҷи дигаре аз бемории ҳамагир даст ба гиребон аст, рӯзи 1-уми сентябр дарс дар мактабҳои миёна ва олӣ оғоз шуд. Мақомот гуфтанд, барои пешгирӣ аз афзоиши бемории коронавирус тадбирҳои сахти эҳтиётӣ андешиданд, вале ҳамзамон аз риоя нашудани чанде аз чораҳо, аз ҷумла дурӣ аз якдигар (фосилаи ҷисмонӣ) нигаронанд.

"Хлор ҳаст..."

Хишолбегим Фазлоншоева, муовини мудири литсейи рақами ду дар пойтахт мегӯяд, "дар баъзе синфҳо риояи фосилаи ҷисмонӣ камтар аст, чун хонандаҳо бисёр ҳастанд. Дар аксар синфхонаҳо, тавре дидед, фосилаи ҷисмонӣ риоя мешавад."

Вай ҳамзамон афзуд, "фаррошон субҳи содиқ омада, литсейро бо хлор тоза карданд. Дар синфҳо маҳлулҳои беҳдоштӣ ҳаст. Хонандагон ҳам бо худ маҳлулҳо меоранд, ниқоби тиббӣ доранд."

Чанде аз волидон гуфтанд, дар баъзе аз мактабҳои Душанбе ва гӯшаҳои дигари Тоҷикистон чораҳое ба монанди санҷидани таби хонандагон ва доштани ниқоби тиббӣ дар синфхонаҳо риоя намешаванд. Онҳо аз паҳншавии навъҳои нави бемории COVID-19 нигаронанд.

Ташвиши волидон аз чист?

Санавбар Раҷабова, ки ҳамроҳи ду фарзандаш ба мактабе дар Душанбе омада буд, ба Радиои Озодӣ гуфт, "аз ин ки мешунавем коронавирус зиёд шудааст ва беморӣ миёни омӯзгорон низ ҳаст, нигаронем. Мегӯянд, ба ҷавонону кӯдакон зиёд намегузарад, аммо тавассути онҳо ба мо мегузарад."

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Дар Тоҷикистон соли нави таҳсил оғоз ёфт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:19 0:00

Масъулони мактабҳо мегӯянд, нигаронии сокинонро дарк мекунанд, вале то ҳадди имкон барои пешгирӣ аз паҳншавии беморӣ кӯшиш доранд. Аз ҷмула, ба гуфтаи Рустам Элмуродов, муовини мудири мактаби рақами 124 дар маҳаллаи Гулбуттаи пойтахт, "дар ҳамаи синфҳо оби ҷӯшида гузоштем, то хонандагон ҳангоми танаффус оби хунук нанӯшанд, оби гарм бинӯшанд."

Дилшод Сатторзода, корманди Раёсати маорифи шаҳри Душанбе, ҳам мегӯяд, барои қабули ҳазорҳо хонанда ба мактаб аз қабл омодагӣ доштанд: "Дар ҳар як муассисаи таълимӣ шахсони мутассадӣ вобаста шудаанд, ки қоидаҳои беҳдоштии тавсияшударо назорат мекунанд."

Маъмурияти мактабҳо мегӯянд, хонандагонро бо ниқоби тиббӣ ба синфхонаҳо роҳ медиҳанд
Маъмурияти мактабҳо мегӯянд, хонандагонро бо ниқоби тиббӣ ба синфхонаҳо роҳ медиҳанд

Дар шаҳри Душанбе 182 мактаб аст ва дар онҳо беш аз 250 ҳазор хонанда таҳсил мекунанд. Сокинон натанҳо дар бораи поймол шудани меъёрҳои беҳдоштӣ дар мактабҳои пойтахт, балки дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои дигар низ гузориш медиҳанд.

Тоҷикистон ва мавҷи дигаре аз беморӣ

Тоҷикистон, ки аз моҳи январи имсол то июн аз "пирӯзӣ ба коронавирус" мегуфт, ҳоло ба иттилои расмӣ, бо мавҷи дигаре аз бемории ҳамагир даст ба гиребон аст. Аз охири моҳи апрели соли 2020 то ин дам тақрибан 17 ҳазор кас дар кишвар ба бемории коронавирус мубтало шуда, 124 нафар ҷон бохтаанд. Оморе, ки на ҳама ҳақиқӣ будани ба он бовар доранд.

Пандемияи коронавирус аз моҳи апрели соли 2020 то кунун чанд дафъа ба ҷараёни таҳсил дар мактабу донишгоҳҳои Тоҷикистон таъсир расондааст.

Бори аввал, моҳи апрели соли 2020, чанд рӯз пеш аз эътирофи расмии мавҷудияти коронавирус кӯдаконро ба таътили тобистона фиристода, соли нави таҳсилро дар нимаи моҳи августи ҳамон сол оғоз карданд.

Ҳарчанд суҳбатҳо дар бораи ҷорӣ кардани дарсҳои фосилавӣ дар миён буд, ба сабаби сустии суръати Интернету набудани дастгоҳҳои зарурӣ дар хонаводаҳо иҷро нашуд. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, тавассути телевизион баъзе дарсҳои фосилавиро ба роҳ монданд.

Тибқи иттилои расмӣ, дар Тоҷикистон ҳудуди чаҳор ҳазор мактаб фаъол аст ва дар онҳо беш аз 2 миллион хонанда таҳсил мекунанд. Имсол зиёда аз дусад ҳазор кас бори аввал ба мактаб рафтанд.

XS
SM
MD
LG