Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафири Фаронса гуфт, Толибон бо Қатару Туркия мудирияти фурудгоҳи Кобулро баррасӣ доранд


Баъди аз фурудгоҳи Кобул рафтани нирӯҳои ИМА, Толибон дар дохили ҳавопаймои нирӯҳои ҳавоии Афғонистон нишастаанд. 31-уми август, Кобул
Баъди аз фурудгоҳи Кобул рафтани нирӯҳои ИМА, Толибон дар дохили ҳавопаймои нирӯҳои ҳавоии Афғонистон нишастаанд. 31-уми август, Кобул

Вазири корҳои хориҷии Фаронса гуфт, ки Толибон бо Туркия ва Қатар мавзӯи мудирияти фурудгоҳи байналмилалии Кобулро машварат мекунанд. Толибон пойфишорӣ доранд, ки гурӯҳи тундрави исломӣ бояд ба зудтарин фурсат ин муассисаро зери даст гирад, то ки хоҳишмандони парвоз аз Афғонистон тавонанд базудӣ аз хидмати ҳавопаймоҳои тиҷоратӣ истифода кунанд.

Рӯзи 31-уми август баъди тарки Афғонистон кардани нирӯҳои ИМА Жан-Ив Ле Дриан дар як сӯҳбати телевизиониаш гуфт, “Қатъномаи Шӯрои амният дар бораи ҳимояти фурудгоҳ бояд иҷро шавад”. Рӯзи сешанбе ИМА гуфт, баъди хатми ҷанги 20-сола Афғонистонро тарк кардааст.

Ле Дриан гуфт, ки ҳоло гуфтугӯҳо сари мудирияти ояндаи фурудгоҳи Кобул бо Қатар ва Туркия ҷараён дорад. Ӯ гуфт, “мо бояд талаб кунем, ки дастрасӣ ба ин фурудгоҳ бояд амн бошад”.

Рӯзи 30-юми август Шӯрои амнияти СММ қатъномае қабул кард, ки аз Толибон иҷрои ӯҳдадориҳояшон дар заминаи ҳаракати озоди мардум дар Афғонистонро талаб мекунад. Қатънома бо тарафдории 13 овоз ва бетарафии Чину Русия қабул шуд. Ин санад мегӯяд, ки Шӯрои амният аз Толибон тақозо мекунад, ки хуруҷи амну боназми шаҳрвандони Афғонистон ва ҳам хориҷиҳоро аз ин кишвар иҷоза диҳанд. Инчунин ин қатънома тақозо кардааст, ки ба кишвар кӯмакҳои башардӯстона ворид шуда, ҳуқуқи башар риоя шавад ва муқобила бо терроризм пойбарҷо монад.

XS
SM
MD
LG