Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон аз кишварҳои қудратманд хост, дар қазияи Афғонистон бетарафӣ накунанд


Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳайко Маас. 30 август, 2021.
Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳайко Маас. 30 август, 2021.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки дар вазъи кунунӣ кишварҳои қудратманд набояд дар робита ба қазияи Афғонистон бетарафӣ кунанд. Дар ғайри он, ба гуфтаи оқои Раҳмон, Афғонистон метавонад ба ҷанги дарозмуддат кашида шавад.

Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 30-юми август дар мулоқот бо вазири корҳои хориҷии Олмон Ҳайко Маас бори дигар ба зарурати таъсиси Ҳукумати фарогир дар Афғонистон таъкид кардааст. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки яке аз омилҳои асосии ба эътидол омадани вазъ дар ин кишвари ҷангзада, иштироки намояндагони ҳама қавмҳо дар ҳукумат мебошад. Эмомалӣ Раҳмон чанд руз қабл ҳам дар мулоқот бо Шоҳмаҳмуд Қурайшӣ, вазири корҳои хориҷии Покистон ба ҳамин нуқта таъкид карда буд.

Оқои Раҳмон гуфтааст, ки ин ҳукумати ҳамашумул ва фарогир бояд таҳти сарпарасти СММ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ шакл бигирад. Сайти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон менависад, ки Вазири корҳои хориҷии Олмон баён доштааст, ки дар таъсиси ҳукумати фарогир дар Афғонистон мусоидат хоҳанд кард. Олмон ҳамчунин омодагии худ барои ҳамкорӣ дар таҳким ва ҳимояти марз миёни Тоҷикистону Афғонистон эълон кардааст.

Ҳайко Маас дар доираи сафари минтақаии худ субҳи имруз дар Тошканд бо мақомоти Узбекистон роҷеъ ба вазъи Афғонистон баҳсу гуфтугӯ кард. Пас аз Тоҷикистон ӯ рӯзи 31-уми август дар Исломобод, пойтахти Покистон ва дигар ҳамсояи наздики Афғонистон бо мақомоти маҳаллӣ дидору гуфтугӯ хоҳад мекунад.

Рӯзи 29-уми август дар Туркия Маас ваъда дод, ки ба кишварҳое, ки бо Афғонистон сарҳадҳои заминӣ доранд, ёрии башардӯстона мерасонад. Дар ин сафар Маас ҳамчунин ба Қатар сафар мекунад, ки он ҷо қарор аст бо мақомоти Толибон гуфтугӯ анҷом диҳад.

Ин сафар дар ҳоле ҷараён дорад, ки нирӯҳои амрикоӣ ва бархе кишварҳои боқимондаи эътилофӣ шитоб доранд, ки то 31-уми август Афғонистонро тарк кунанд.

XS
SM
MD
LG