Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мушакборони фурудгоҳи Кобул


30 август. Мошине, ки баъди мушакборони фурудгоҳи Кобул нобуд шудааст
30 август. Мошине, ки баъди мушакборони фурудгоҳи Кобул нобуд шудааст

Рӯзи 30-юми август фурудгоҳи Кобул, ки дар он нирӯҳои амрикоӣ таҳти таҳдиди гурӯҳи “Давлати исломӣ” талош доранд ҳарчи зудтар амалиёти тарки Афғонистон карданро анҷом диҳанд, мушакборон шуд. Ҳанӯз ҳеҷ иттилое дар бораи хисороте дар даст нест. Ҳамла замоне рух дод, ки рӯзи 31-юми август мӯҳлати берункашии нирӯҳои амрикоиву байналмилалӣ аз Афғонистон ба охир мерасад ва бо ҳамин ба ҳузури 20-солаи нирӯҳо дар Афғонистони ҷангзада хотима медиҳад.

Мақомот гуфтанд, ки тавассути ҳавопаймоҳои амрикоӣ дар давоми беш аз ду ҳафтаи гузашта аз Афғонистон 117 ҳазор шаҳрвандони кишварҳои хориҷиву Афғонистон аз Кобул берун бурда шуданд. Дар ду рӯзи боқимонда то тамом шудани мӯҳлати берун бурдани мардум, нирӯҳои амрикоӣ асосан худ ва ҳам дипломатҳои амрикоиро мебаранд.

Кохи Сафед гуфт, ки Байден дар бораи мушакборони фурудгоҳи Ҳомид Карзаи шаҳри Кобул огоҳонида шуд ва инчунин ба ӯ гузориш доданд, ки амалиёти берун бурдани мардум аз кишвар бетанаффус идома дорад.

Ҷен Псаки, сухангӯи Кохи Сафед гуфт, ки президент бори дигар дар бораи амраш ёдовар шуд, ки мегӯяд, барои таъмини амнияти нирӯҳои амрикоӣ дар фурудгоҳ тамоми талош ба харҷ дода шавад.

Як мақоми амрикоӣ ба хабаргузории Reuters гуфт, ки ба сӯи фурудгоҳи Кобул панҷ мушак партоб шуд, вале ҳамаи онҳо бо муқовимати системаи зиддимушакӣ рӯбарӯ шуданд. Як намояндаи маъмурияти Толибон ҳам ба Франс Пресс гуфт, ки бовар дорад ҳамаи панҷ мушак аз ҷониби системаи зиддимушакӣ нобуд карда шуд.

Осори ин ҳолатро дар фосилаи 2 км дар атрофи фурудгоҳ ҳам эҳсос кардаанд, бархе мошинҳо хароб шуда, сокинони маҳаллаи Салим Корвон гуфтаанд, ки баъди ин ҳодиса садои тирандозиро шунидаанд.

XS
SM
MD
LG