Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Толибон” мегӯяд, сулҳ ва созиш бо раҳбарони Ҷабҳаи муқовимат дар Панҷшер наздик аст


Нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимат бо Толибон. Бозораки Панҷшер, 27-уми августи 2021
Нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимат бо Толибон. Бозораки Панҷшер, 27-уми августи 2021

Ҳаракати “Толибон” гуфтааст, ба зудӣ бо Ҷабҳаи муқовимати миллӣ, ки дар водии Панҷшер истеҳкоми ҷангӣ гирифтааст, созиш ва сулҳ хоҳад кард. Сухангӯи “Толибон” Забеҳуллоҳ Муҷоҳид рӯзи 27-уми август ба расонаҳо гуфт, “80 дар сад” мутмаин аст, ки “дар Панҷшер ҳалли бе ҷанг” ба даст хоҳад омад.

Ин дар ҳолест, ки сарони Ҷабҳаи муқовимати миллӣ гуфтаанд, низ хостори ҳалли осоиштаанд, вале таслим намешаванд ва дар ҳолати ҳамла ба онҳо “аз озодии мардуми Афғонистон” дифоъ хоҳанд кард.

Эътимоди намояндаи “Толибон” ба ҳалли сулҳомез дар ҳоле садо медиҳад, ки дар бораи талоши ҷангҷӯёни ин ҳаракат барои вуруд ба водии Панҷшер хабар мерасад.

Манбаъҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон мегӯянд, ин ҳамлаҳоро шикаст додаанд. Ҳамчунин баъзе аз роҳҳои икмолотии Панҷшер аз тарафи “Толибон” баста шудаанд, то ба ин ҷо мардум, силоҳ ва захираҳои ғизо роҳ наёбанд.

Ҳамзамон раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллӣ Аҳмад Масъуд, писари фармондеҳи машҳур ва қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд, аз “Толибон” бунёди як ҳукумати ҳамашумулро талаб карда, аз кишварҳои Ғарб силоҳу муҳимот ва техникаи ҳарбӣ хостааст.

Як узви Конгресси Амрико, Майк Валтз, ҷумҳурихоҳ аз Флорида, аз ҳукумати кишвараш даъват кард, ба мудофеони Панҷшер ёрӣ расонад. Вай афзудааст, Панҷшер аз лиҳози ҷуғрофиё ва нерӯ тасхирнопазир аст.

“На шӯравиҳо ва на толибҳо дар авҷи қудраташон натавонистанд, он ҷоро фатҳ кунанд,” -- гуфт ӯ ва пешниҳод кард, ин минтақа ба паноҳгоҳи амрикоиён ва паноҳҷӯёне, ки акнун дар фурудгоҳи Кобул ҷамъ шудаанд, табдил дода шавад.

Вай ҳамчунин гуфтааст, ба муҳосираи пурраи Панҷшер роҳ дода нашавад. Вале мақомоти давлатии ИМА то ҳол тамос ва робита бо Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистонро тасдиқ ё рад накардаанд.

"Толибон" ҳоло аксар минтақаҳои Афғонистон, аз ҷумла шаҳри Кобулро зери назорат доранд, вале то ҳол ҳукумати худро эълон накардаанд. Панҷшер ягона вилояти Афғонистон аст, ки аз сӯи "Толибон" ишғол нашудааст.

Аҳмад Масъуд, писари Аҳмадшоҳ Масъуд, ки ҳоло дар саргаҳи Ҷабҳаи муқовимат бо гурӯҳи "Толибон" қарор гирифтааст, 32 сол дорад ва хатмкардаи донишгоҳи Бритониёст. Ӯ борҳо гуфтааст, ки талоши онҳо барои эҷоди як ҳукумати фарогир аст, то мардуми Афғонистон худро дар он бинанд ва ҳам аз сӯи ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шавад.

XS
SM
MD
LG