Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рекорди нави украиниҳо бо ҳавопаймои "Мрия"


Баъди гузоштани рекорд. 26-уми август, канораҳои Киев
Баъди гузоштани рекорд. 26-уми август, канораҳои Киев

Дар Украина рекорди нави ҷаҳонӣ гузошта шуд. Ҳашт паҳлавон бузургтарин ҳавопаймои рӯйи оламро аз ҷояш ба масофаи беш аз чор метр пеш бурданд. Ин ҳодиса дар фурудгоҳи муассисаи ҳавопаймосозии ба номи Антонов, воқеъ дар вилояти Киев ба вуқӯъ пайваст. Ҳашт паҳлавон дар давоми як дақиқаву 13 сония бузургтарин ҳавопаймои рӯйи олам АН-225 “Мрия”-ро 4 метру 30 сантиметр пеш бурданд. Вазни ин ҳавопаймо 330 тонна будааст. Рекорди пештараи аз ҷой ҷунбонидани “Мрия”соли 2003-ум сабт шуда буд. Он замон даҳ паҳлавон ин ҳавопайморо аз ҷояш ҷунбонида буданд. Рекорд дар рӯзи истиқлоли Украина 24-уми август гузошта шуд. АН-225 “Мрия” ягона ҳавопаймо бо ин ҳаҷм буда, соли 1988 барои бароварда кардани эҳтиёҷоти соҳаи кайҳоннавардии Шӯравӣ сохта шудааст. “Мрия” барои интиқоли киштиҳои кайҳонии «Буран» сохта шудааст.
Ин ҳавопаймо имкон дорад, ки дар як парвозаш беш аз 250 тонна борро ба ҳаво бардорад.

XS
SM
MD
LG