Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико: Аз Афғонистон рафтани нирӯҳо аз ҳамкории "Толибон" вобаста аст


Нуқтаи берун бурдани мардум дар фурудгоҳи Кобул. 24-уми августи 2021
Нуқтаи берун бурдани мардум дар фурудгоҳи Кобул. 24-уми августи 2021

Ҷо Байден, президенти Амрико, гуфт, Иёлоти Муттаҳида бошитоб талош дорад, ки амалиёти берун рафтан аз Афғонистонро то 31-уми август ба поён расонад. Ба гуфтаи ӯ, ҳар қадаре ин ҷараён пештар ба анҷом расад, ҳамон андоза таҳдиди хатар ба нирӯҳои Иёлоти Муттаҳида камтар мешавад.

Байден 24-уми август гуфт, ки иҷрои барномаи берункашии мардум аз Афғонистон ба муҳлати муқарраршуда наздик шудааст, аммо анҷоми саривақтии ин барнома ба ҳамкории "Толибон" ва дастрасӣ ба фурудгоҳ вобаста мебошад.

Ӯ гуфт, "Толибон" барои ҳамкорӣ бо нирӯҳои амрикоӣ иқдом карданд, аммо хатари қатъ шудани ин ҳамкорӣ вуҷуд дорад. "Толибон" аз ин пеш гуфтанд, ҳамаи нирӯҳои хориҷӣ бояд то 31-уми август аз кишвар берун шаванд ва Вашингтон бояд аз тарки кишвар кардани мутахассисони баландпоя худдорӣ кунад.

Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯи "Толибон" дар нишасти хабарӣ дар Кобул рӯзи 24-уми август гуфт:

“Мутаассифона, ИМА сиёсати қаблиашро такрор карда, афғонҳоро ба ҳавопаймо шинонда онҳоро барои ҳадафҳои номаълум берун мебарад. Ин чиз мавриди нигаронӣ аст ва дар ин замина, мо аз амрикоиҳо тақозо мекунем, ки сиёсати худро тағйир дода афғонҳоро ба тарки кишвар ташвиқ накунанд. Мардуми элитаи мо, мисли муҳандисону табибон, ки ин ҷо таҳсил кардаанд, кишвар ба ин истеъдодҳо ниёз дорад ва онҳо набояд ба кишварҳои дигар интиқол дода шаванд”.

Байден гуфт, тарки Афғонистон кардани нирӯҳо ба ҳамкории "Толибон" вобаста аст, ки ҳоло дигар афғонҳоро намегузоранд, ба фурудгоҳ бираванд ва онҳоеро, ки аз ҳавопаймоҳо берун карданд, набояд аз мондан дар кишвар битарсанд.

XS
SM
MD
LG