Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Фирори мағзҳо". Дар 30 сол беш аз 3 миллион кас Қазоқистонро тарк кардаанд. ВИДЕО


Як гӯшаи шаҳри Нурсултон, маркази Қазоқистон
Як гӯшаи шаҳри Нурсултон, маркази Қазоқистон

Ба иттилои расмӣ, дар 30 соли охир беш аз 3 миллион нафар тарки Қазоқистон кардаанд, аммо омори хушк ба суоли он ки "чаро рафтанд?" посух намегӯяд. Чанде аз онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ гуфтаанд, ки ба хотири ояндаи кӯдакон рафтанд ва қисмеро коррупсия нигарон кардааст.

Аксари қазоқистониҳо ба кишварҳои аврупоӣ ва Русия рафтаанд. Беш аз як миллиони онҳо дар Олмон, 225 ҳазор нафар дар Украина, 70 ҳазор дар Беларус, 27 ҳазор Юнон, 8 ҳазор дар Чехия ва 6 ҳазор дар Лаҳистон (Полша) ба сар мебаранд.

"Мутахассисон мераванд"

Имсол дар муқоиса ба соли 2020 берунравии аҳолии Қазоқистон 30 дарсад бештар шудааст. Ба иттилои Бюрои омор, аз аввали имсол беш аз чордаҳ ҳазор кас Қазоқистонро тарк кардаанд ва ҳатто маҳдудиятҳои вобаста ба пандемия натавонист, пеши роҳи онҳоро бигирад.

Кишвар асосан шаҳрвандони фаъол ва нерӯи кориро аз даст медиҳад. Дар миёни онҳое, ки тарки кишвар карданд, муҳандисону омӯзгорон ва пизишкон ҳастанд. Дар ҳамин ҳол, бахши тандурустии Қазоқистон ба камбуди мутахассисони варзида рӯбарӯ аст. Камбуди мутахассисон дар аҳди пандемия сахт эҳсос мешавад.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Дар Қазоқистон "фирори мағзҳо" вусъат меёбад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:35 0:00

Марат Қаирленов, раиси ширкати машваратии "Нур-Султон", мегӯяд, "мутахассисоне рафта истодаанд, ки метавонистанд, дар инҷо иқтисоди навро инҷо рушд диҳанд. Фарз кардем, пизишкон метавонистанд, туризми муолиҷавиро равнақ диҳанд. Ва ин метавонист як бахши қудратманди иқтисод шавад. Мутаассифона, ин зарфият ҳоло истифода намешавад."

Муҳоҷират дар миёни ҷавонон дар Қазоқистон маъмул аст. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ як зумра наворҳое мечарханд, ки дар бораи "омодагӣ барои даст кашидан аз шаҳрвандӣ" ва "дар кадом гӯшаи ҷаҳон зистан беҳтар аст", маълумот медиҳанд.

Қаҳрамонони ин гуна наворҳо дар бораи он ки чаро онҳо аз кишвар рафтанд, қисса мекунанд. Баъзеҳо мегӯянд, ба хотири ояндаи кӯдакон рафтаанд, қисмеро афзоиши коррупсия нигарон кардааст. Онҳое ҳам ҳастанд, ки обу хоки ватан барояшон форам нест.

Эдуард Басков, блогер дар Санкт-Петербург, мегӯяд, “албатта, ҳомиёни ҳуқуқ ва муҳити зисту ҳаво ҷамъ мешаванд, маҷлис мегузаронанд, аммо пешрафт нест. Муҳокима мекунанд, ана, акнун маркази гарму барқдиҳиро навсозӣ мекунем, ҳама чиз хуб мешавад. Аммо нақлиёти ҷамъиятӣ хуб намешавад."

"Одамон аз кишвари хуб фирор намекунанд"

Аммо ба илтиҷои сокинон мақомоти маҳаллӣ кам аҳамият медиҳанд ва бештар онҳоро барои ба муҳоҷират рафтан савқ медиҳанд. Аз ҷиҳати муҳоҷирати сокинонаш вилояти Шимолии Қазоқистон дар ҷойи аввал аст. Дар шаш моҳи соли 2021 беш аз 4 ҳазор нафар ин минтақаро тарк кардаанд.

Евгений, ронанда аз вилояти Қарағанда, гуфт, "давлат айбдор, ҳукумат гунаҳкор аст. Аз кишвари хуб одамон фирор намекунанд. Ман ватандӯстам, албатта, аз ин ҷо ба ҳеч куҷо намеравам. Аммо ҳамеша мубориза хоҳам бурд, эҳтимол то замоне ки маро нашикананд."

Мушкили ба истилоҳ "фирори мағзҳо" барои Қазоқистон нав нест. Мавҷи бузурги муҳоҷират дар миёнаи солҳои 90-ум бештар ба мушоҳида мерасид. Аммо он замон муҳоҷирати одамон бештар эҳсосӣ буд. Ҳоло қазоқистониҳо дониста, ба муҳоҷират мераванд ва пеш аз он дониш ва малакаҳои худро сайқал медиҳанд.

"Мутахассисоне, ки забони англисиро медонанд, бо донишҳои муосири ҷаҳонӣ ошноянд, мераванд. Рафтани онҳо барои кишвар талафоти калон аст. Дар бисёре аз арсаҳо афсӯс вазъият ҳамингуна аст", -- мегӯяд Марат Қаирленов, раиси ширкати машваратии "Нур-Султон".

Ҳоло мутахассисон пешгӯӣ карда наметавонанд, ки омори муҳоҷират аз Қазоқистон то охири сол ба чанд мерасад. Аммо пешбиниҳои хушбинона ҳам аз тағйир ёфтани вазъият далолат намедиҳанд, чунки асос барои он ки одамон дар ин ҷо бимонанд, камтар мешавад.

XS
SM
MD
LG