Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гурӯҳи Ҳафтгона дар ҷаласаи изтирорӣ вазъи Афғонистонро баррасӣ мекунад


Ҷаласаи сарони кишварҳои Гурӯҳи Ҳафтгона моҳи июн барпо шуда буд
Ҷаласаи сарони кишварҳои Гурӯҳи Ҳафтгона моҳи июн барпо шуда буд

Раҳбарони Гурӯҳи Ҳафтгонаи иқтисодҳои пешрафта дар ҷаласаи изтирории 24-ми август мавзӯи берун бурдани мардум аз Афғонистон ва татбиқи сиёсати ҳамоҳангшуда дар ин кишварро баррасӣ мекунанд. Ин ҷаласа дар ҳоле барпо мешавад, ки рӯзи 23-юми август низомиёни амрикоӣ азимтарин шумори мардум – амрикоиҳову дигар хориҷиҳо ва ҳам афғонҳоеро, ки ҳаёташон дар режими Толибон таҳти хатар аст, аз фурудгоҳи Кобул берун бурданд. Пентагон рӯзи 23-юми август гуфт, ки дар 24 соат 17 ҳазор нафар берун бурда шуданд ва шумори умумии мардуми тарки Афғонистонкарда баъди 14-уми август 37 ҳазор нафарро ташкил додааст.

Дар ҷаласаи Гурӯҳи Ҳафтгона ИМА, Бритониё, Итолиё, Фаронса, Олмон, Канада ва Ҷопон иштирок хоҳанд кард. Яке аз масоиле, ки дар ин ҷаласа баррасӣ мешавад, эҳтимоли тамдиди мӯҳлати берун бурдани мардум баъди 31-уми август хоҳад буд. Ин дар ҳолест, ки Толибон мухолифати шадиди худро ба ин нақшаҳо баён кардаанд.

XS
SM
MD
LG