Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар 30 соли ахир ҳудуди 1 миллион рустабор Узбекистонро тарк кардааст


Парвози Русия-Узбекистон. Акс аз бойгонӣ.
Парвози Русия-Узбекистон. Акс аз бойгонӣ.

Шуруъ аз соли 1989 наздики як миллион рустабор тарки Узбекистон кардааст. Дар ин бора Кумитаи давлатии омори Узбекистон хабар медиҳад.

Дар соли 2021 теъдоди рустаборон дар Узбекистон 720,3 ҳазор касро ташкил додааст. Онҳо дар соли 1989 дар он кишвар 1 млн 653 ҳазор буданд.

Шумори умумии аҳолии Узбекистон дар соли 2021 ба 34,6 млн расидааст. Дар ҳоле, ки дар соли 1989 аҳолии Узбекистон 19,81 миллионро ташкил медод. Аҳолии Узбекистонро узбекҳо, тоҷикон, қазоқҳо, қарақлпоқиҳо ва русҳо ташкил медиҳанд.

Теъдоди тоҷикон дар ин давра ду баробар афзуда, аз 933 ҳазору 560 каси соли 1989 ба 1,7 миллион кас расидааст.

Дар Узбекистон шумориши аҳолӣ соли 2023 дар назар аст. Омореро, ки ахиран Кумитаи омори он кишвар нашр кард, шумориши санҷишии аҳолӣ аст.

Кумитаи омори Узбекистон гуфтааст, яке аз сабабҳои баргузории маъракаи шумориши аҳолӣ "тасмими Узбекистон барои боло бурдани рақобатпазирӣ дар бозори ҷаҳонӣ" аст. Ба иттилои ин кумита, "бидуни донистани зарфияти инсонӣ" наметавон ба рақобатпазирӣ расид.

XS
SM
MD
LG