Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон эҳтимоли тамдиди мӯҳлати берункашии нирӯҳоро аз Афғонистон рад карданд


21-уми август, фурудгоҳи Кобул. Низомиёни бритониёиву амрикоӣ дар байни кор кӯтоҳ истироҳат мекунанд
21-уми август, фурудгоҳи Кобул. Низомиёни бритониёиву амрикоӣ дар байни кор кӯтоҳ истироҳат мекунанд

Толибон ҳама гуна эҳтимоли тамдиди хуруҷи нирӯҳои амрикоиву байналмилалӣ аз Афғонистонро, ки қарор буд то 31-уми август ба анҷом расад, номумкин хонданд. Суҳайл Шоҳин, сухангӯи Толибон дар мусоҳибааш бо Sky News, ки рӯзи 23-юми август нашр шуд, гуфт, “ин хати сурх аст. Президент Байден эълон карда буд, ки то 31-уми август ҳама нирӯҳояшонро берун мекашанд. Агар онҳо ин мӯҳлатро тамдид мекунанд, ин ба маънои тамдиди ишғолгариҳо аст ва ба ин чиз ҳеҷ зарурате вуҷуд надорад”. Ӯ афзуд: “Агар ИМА ё Бритониё барои идомаи ихроҷ фурсати иловагӣ мехоҳанд, посух “на” аст. Вагарна паёмад хоҳад дошт... Ин чиз боиси адами эътимод миёни мо хоҳад шуд. Агар онҳо дар фикри идомаи ишғолгариҳо бошанд, бо аксуламал рӯбарӯ мешаванд”. Ӯ нагуфт, ки чӣ паёмадҳоро дар назар дорад.

Хабаргузории Рейтерс дар нақли қавл аз ду манбаъ дар ин гурӯҳи исломӣ гуфт, ки ҳарчанд ба Толибон дар заминаи тамдиди эҳтимолии мӯҳлати тарки Афғонистон кардани нирӯҳои байналмилалӣ дархосте нашудааст, ҳамааш рад мешавад. Байден дар суханронии рӯзи 22-юми август ба тими амнияти миллиаш гуфт, ки ба хотири таъмини амну бехатари берунбарии шаҳрвандони ИМА, хориҷиҳо ва ҳам афғонҳое, ки ҳаёташон дар хатар аст, эҳтимолан мӯҳлати хатми корҳо тамдид шавад.

XS
SM
MD
LG