Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Янша: Мавҷи паноҳҷӯёни афғон ба Аврупо роҳ намеёбад


Паноҳҷӯёни афғон дар як маркази муҳоҷирати Руминия
Паноҳҷӯёни афғон дар як маркази муҳоҷирати Руминия

Янез Янша, нахуствазири Словения, гуфт, Иттиҳоди Аврупо намегузорад, ки мавҷи муҳоҷирони афғон ба ин қаламрав ворид шавад, чун аз такрори бӯҳрони муҳоҷирати соли 2015 ҳарос дорад.

Ба сари қудрат омадани Толибон дар Афғонистон бисёр шаҳрвандонеро, ки дар 20 соли гузашта бо ҳукумат ё нирӯҳои хориҷӣ ҳамкорӣ кардаанд, дар ҳарос гузоштааст. Бино бар ин, шумори зиёди афғонҳо бо эҳтиёҷ ба сарпаноҳи амн ба хориҷа мераванд. Ин вазъ ҷанги шаш сол пеш дар Ховари Миёна ва паноҳҷӯии як миллион фирорӣ дар Аврупоро ба ёд меорад.

Янша дар изҳороташ дар Твиттер рӯзи 22-юми август навишт: "Иттиҳоди Аврупо ҳеч долони башариву муҳоҷиратиро барои Афғонистон боз намекунад. Мо ба такрори хатои стратегии соли 2015 роҳ намедиҳем”.

Словения раҳбарии давраии Иттиҳоди Аврупоро барои шаш моҳи оянда ба уҳда дорад.

Янша гуфт, ИА танҳо онҳоеро мепазирад, ки ба ҳайати НАТО дар Афғонистон ёрӣ кардаанд ва марзҳояшро боз ҳам сахттар назорат хоҳад кард.

Таҳти назорати "Толибон" гузаштани Кобул ва аксар қаламравҳои Афғонистон, ба ҷуз водии Панҷшер, ҳазорҳо сокини ин кишварро водор кард, ки аз ватан берун раванд. "Толибон" аз мардум талаб доранд, ки дар кишвар бимонанд ва ваъдаи афв медиҳанд.

Агар аз як сӯ далели талоши тарки Афғонистон кардани ҳазорҳо нафар интиқомҷӯии Толибон ва хотироти талх аз замони ҳукмронии онҳо (1996-2001) бошад, мушкилоти иқтисодиву фақри амиқ далели ҷиддии ба сӯи Аврупо рӯ овардани паноҳҷӯён мебошад. Чанд кишвари аврупоӣ гуфтаанд, ки ҳамсояҳои Афғонистон метавонанд, макони қабули паноҳҷӯён шаванд.

XS
SM
MD
LG