Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Байден мегӯяд, берун овардани шаҳрвандон аз Афғонистон то охири ин моҳ ба поён мерасад


Ҷо Байден, президенти ИМА гуфт, ки сарфи назар аз душвориҳои амалиёти берун овардани амрикоиҳо ва ҳампаймонон аз Афғонистон, вай бовар дорад, ки ин амалиёт то рӯзи 31 август ба поён мерасад.

Рӯзи якшанбе Байден дар Кохи Сафед гуфт, шуруъ аз миёнаҳои моҳи август, замоне ки Кобул аз сӯи ҳаракати "Толибон" ишғол шуд, ИМА беш аз ҳазор касро аз он кишвар берун овардааст.

Президенти ИМА гуфт, ки толибон ба низомиёни амрикоӣ ҳамла намекунанд ва дар маҷмуъ ба берун овардани шаҳрвандон низ халал намерасонанд. Вай илова кард, ки дар сурати то 31 август анҷом нашудани берунории шаҳрвандон аз Афғонистон мумкин аст, ин сана тамдид гардад.

Ҳоло маълум нест, чи теъдод аз шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ ва сокинони Афғонистон аз ин кишвар бояд берун оварда шаванд.

Байден дар шарҳи зарурати берун омадани неруҳои амрикоӣ аз Афғонистон гуфт, мондан дар он кишвар ба муҳлати номаълум ва ҷангидан бо Толибон ба манофеи ИМА созгор нест.

XS
SM
MD
LG