Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА дар як ҳафта наздики 25 ҳазор касро аз Кобул берун бурдааст


Фурудгоҳи Кобул.
Фурудгоҳи Кобул.

На камтар аз 20 сокини Афғонистон дар як ҳафтаи охир дар фурудгоҳи Кобул ва ё барои ворид шудан ба фурудгоҳ кушта шудаанд. Дар ин бора намояндаи НАТО рӯзи якшанбе хабар дод.

Низомиёни ИМА ва ҳампаймонони онҳо шаҳрвандони кишварҳои ғарбӣ ва афғонистониҳоеро аз Кобул ба хориҷ мебаранд, ки бо намояндагиҳои дипломатӣ ва созмонҳои байналхалқӣ ҳамкорӣ мекарданд.

Фурудгоҳи Кобул таҳти назорати низомиёни ИМА қарор дорад, аммо роҳҳои расидан ба фурудгоҳ дар ихтиёри ҳаракати "Толибон" аст.

Расонаҳо менависанд, қисме аз кушташудаҳо дар издиҳом ва қисми дигар аз тири низомиёне фавтиданд, ки фурудгоҳи Кобулро муҳофизат мекарданд. Низомиёни Бритониё эътироф карданд, 7 тан рӯзи шанбеи 21 август дар издиҳоме фавтиданд, ки мехостанд, вориди фурудгоҳ шаванд.

Ҷейк Салливан, мушовири президенти ИМА дар умури амнияти миллӣ гуфт, шуруъ аз 14 август низомиёни амрикоӣ наздики 25 ҳазор касро аз Афғонистон ба хориҷ бурдаанд.

XS
SM
MD
LG