Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

НАТО мегӯяд, аз замони тасарруфи Кобул аз сӯи Толибон, 18 ҳазор нафарро ба хориҷ бурданд


Фурудгоҳи Кобул. 18 август, 2021.
Фурудгоҳи Кобул. 18 август, 2021.

Як мақоми Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ ё НАТО рӯзи ҷумъа гуфтааст, аз замони тасарруфи Кобул то кунун беш аз 18 ҳазор нафар аз Фурудгоҳи байналмилалии пойтахти Афғонистон ба берун бурда шуданд. Ин мақом, ки нахост номаш фош шавад, дар гуфтугӯ бо хабаргузории "Ройтерз" гуфтааст, ки ҳоло ҳам издиҳоми мардум дар берун аз фурудгоҳ ҳузур доранд ва мехоҳанд аз Афғонистон берун раванд.

Гуруҳи Толибон рӯзи якшанбеи 15-уми август Кобулро тасарруф карданд ва дар пайи он касоне, ки нигарони вазъият ҳастанд, ба тарафи Фурудгоҳи байналмилалии Кобул равон шуданд.

Шумораи зиёде аз шаҳрвандони Афғонистон рӯзи душанбе барои берун рафтан аз кишвар ба фурудгоҳ рафтанд, ки боиси беназмӣ шуд ва чанд нафар дар ҷараёни талош барои савор шудан ба як ҳавопаймои низомӣ, кушта шуданд. Фаъолиятҳои Фурудгоҳи Кобул рузи душанбе қатъ шуд, аммо фурудгоҳ ҳоло дигарбора ба фаъолият оғоз кардааст.

Дар ҳамин замина, Вазорати дифои Амрико рӯзи панҷшанбе гуфт, амалиёти берун бурдани шаҳрвандони Афғонистонро суръат бахшида ва аз рузи якшанбе ба ин тараф ҳафт ҳазор шаҳрванди ғайринизомии Афғонистонро берун бурдааст.

Як мақоми Вазорати дифои Амрико дар як нишасти хабарӣ дар Вашингтон гуфт, дар 24 соати гузашта 12 ҳавопаймои "Боинг С-17" ҳудуди 12 ҳазор нафарро ба берун аз Афғонистон интиқол доданд. Ӯ афзуд, артиши Амрико акнун барои интиқоли рӯзона 5 то 9 ҳазор нафар ҳавопаймои кофӣ дар ихтиёр дорад.

Ба гуфтаи мақомоти Вазорати дифои Амрико, дар ҳоли ҳозир ҳудуди панҷ ҳазору 200 низомии Амрико дар Фурудгоҳи Кобул ва атрофи он ҷобаҷо ҳастанд ва шумораи онҳо дар рӯзҳои ахир афзоиш ёфтааст.

Фурудгоҳи шаҳри Кобул рӯзҳои ахир бинобар издиҳоми мардум барои фирор аз Афғонистон шоҳиди беназмиҳо шуд ва тибқи бархе гузоришҳо, 12 ҷон бохтанд. Масъули матбуотии Вазорати дифои Амрико гуфт, акнун Толибон ба афроди амрикоӣ ҳамла накарда, ҳеҷ ҳолати мамониати Толибон аз хуруҷи шаҳрвандони амрикоӣ мушоҳида нашудааст.

Дар ҳамин ҳол, тибқи бархе гузоришҳо, Толибон барои пешгирӣ аз ворид шудани мардум ба фурудгоҳ, ба сӯи онҳо тирандозӣ кардаанд.

XS
SM
MD
LG